Сохтмони метро дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ шурӯъ мегардад. Аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км аз қисмати ҷануби шаҳр (Дарвозаи Ҷанубӣ) ба марказ то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон нақшаву лоиҳаҳо дар соҳаи роҳу нақлиётро барои соли 2025 тартиб додааст.

Тибқи нақша, омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии метро дар моҳҳои апрел-май ба анҷом мерасад ва сохтмони метро дар моҳҳои июн - июл оғоз мешавад.

“Соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки корҳо оид ба сохтмони метро дар Тоҷикистон оғоз карда шаванд... Дар ин қитъа (аз канори ҷанубии шаҳр ба марказ, то маҳалли  Сирки давлатӣ) рельефи мувофиқ мавҷуд аст ва сохтмони хат дар  ин масир бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин мекунад”,-навиштааст Вазорати нақлиёти кишвар.

Метрои Душанбе бо кӯмаки молиявии Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад. Он зеризаминӣ мешавад.

Коршиносони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ  борҳо дар Душанбе ҷамъ омада, масъалаи сохтмони онро баррасӣ карданд. Бори охир дар моҳи сентябри соли 2024 онҳо омодагиҳо ба сохтмони метро дар шаҳри Душанберо суҳбат карданд.

Ёдрас мешавем, ки 1-уми марти соли 2022 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея” дар бораи сохтмони метрои пойтахт ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Баъдан 22-юми августи соли 2023 Вазорати нақлиёт бо Бонки содиротию воридотии Корея (“Эксимбонк”) ҷиҳати маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар Душанбе созишнома бастанд. Намояндагони бонк розӣ шуданд, ки ҳамчунин таҳияи муфассали лоиҳаро низ  маблағгузорӣ кунанд.  

Гуфта мешавад, Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Қабан, як манбаъи “Азия – Плюс” аз шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки нахустин хатти метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.

Моҳҳои охир тамбашавии нақлиёт дар Душанбе боиси нороҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст. Мақомот барои кам кардани тамбашавӣ чораҳо меандешанд, вале бенатиҷа. Ҳам мақомот ва ҳам сокинони кишвар бовар доранд, ки сохтмони метро сатҳи тамбашавӣ дар пойтахтро  аз байн мебарад.

Қобили зикр аст, ки агар метрои Душанбе бунёд шавад, ин шаҳр севумин шаҳри Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки соҳиби метро мешавад. Ҳоло дар пойтахти Ӯзбекистон – Тошканд ва шаҳри Алмаатои Қазоқистон метро мавҷуд аст. Дар Бишкек ҳам сохтмони метро дар нақша аст, вале дар бораи оғози бунёди он чизе гуфта нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.