ЭЪЛОНИ ҶОРАБИНИҲО БАРОИ 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

- Имрӯз соати 10:00 дар мактаби №26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод ва соати 14:00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун ба муносибати “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон” чорабиниҳои адабӣ-бадеӣ доир мешаванд.

- Ҳамчунин имрӯз, соати 10:00 дар ҳошияи ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар Китобхонаи шуъбаи бачагонаи шаҳри Истаравшан маҳфили адабӣ-бадеӣ таҳти унвони “Тасвиргари дунёи кӯдакон” бахшида ба 65-солагии Азизи Азиз, нависандаи кӯдакон доир мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 АПРЕЛ

Соли 2003 – Президенти Тоҷикистон фармон дар бораи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистонро имзо кард.

Соли 2012 – Созмони байналмилалии “Amnesty International” аз нопадидшавии асрорангези Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд ва соҳибкор изҳори нигаронӣ кард. Ӯ моҳи марти соли 2012 пас аз озодшавӣ аз боздошт дар Русия нопадид шуд ва баъдтар дар Тоҷикистон “пайдо шуд”.

Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бори дувум раиси Кумитаи миллии олимпии (КМО) кишвар интихоб шуд.

Соли 2013 – Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон, ки қаблан дар Украина боздошт ва бар асоси дархости истирдодӣ нигоҳ дошта мешуд, аз боздоштгоҳи Киев озод карда шуд.

Соли 2017 – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардид.

Соли 2018 – Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Мавлуди Сайёра Исоевa, меъмори шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1934 – Зодрӯзи Бурҳон Раҳмон (Раҳмонoв), ровии телевизион ва радио.

Бурҳон Раҳмон

Бурҳон Раҳмон яке аз ровиёни маъруфи телевизион ва радио буда, беш аз 60 сол дар радиоҳои “Тоҷикистон” ва “Овози тоҷик” кор кардааст.

Инчунин ӯ дар телевизион барномаҳои “Аз почтаи телевизион” ва “Чашма”-ро худ таҳия ва наттоқӣ мекард. Ғайр аз фаъолияти ровигӣ ҳамчунин ба сифати муҳаррир, рӯзноманигор ва ҳунарманди театр низ кору фаъолият карда, дар тарҷумаи 300 филми мустанаду бадеӣ овоз додааст.

Бурҳон Раҳмон 28 декабри соли 2015 дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1960 – Мавлуди Бобоҷон Садриддин, нависандаи тоҷик.

Соли 1961 – Зодрӯзи Хайрандеш, Шоири халқии Тоҷикистон.

Хайрандеш

Хайриддин Хайрандеш, ки бо тахаллуси Хайрандеш маъруф аст, беш аз 40 сол роҳбари маҳфили “Ҳамешабаҳор” буда, дар рушди эҷодкорони навқалам саҳм мегузорад.

Хайрандеш фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт оғоз намуда, соли 1999 гимназияи хусусии “Хайрандеш”-ро таъсис додааст. Аз соли 2001 котиби масъули шуъбаи Хатлонии Иттифоқи нависандагон буд ва сипас дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият кардааст

Номбурда муаллифи маҷмӯаҳои “Зиёратнома”, “Сад қатра ашк”, “Замзама”, “Хайробод”, “Тоҷикнома”, “Чархофалак”, “Ғазалпайванд” аст.

Ҳамзамон, сардабири нашрияи бачагонаи “Пайрав” аст. Ӯ соли 2024 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон соҳиб шуд.

Соли 1982 – Ҷаббор Расулов, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон, Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон дар 68-солагӣ аз олам чашм даргузашт.

Ҷаббор Расулов

Ҷаббор Расулов яке аз шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон буд, ки дар замони шӯравӣ беш аз 30 сол роҳбари Тоҷикистон буд. Ӯ даҳ сол раиси Шурои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва 21 сол Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1946-1955 Ҷаббор Расулов ба ҳайси сарвазири Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон – раиси шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Сипас дар вазифаи ҷонишини якуми вазири хоҷагии қишлоқи ИҶШС, котиби Кумитаи марзи ҲКТ  кор кардааст. Ӯ аввалин шахс аз Тоҷикистон аст, ки ҳамчун сафири ИҶШС дар Ҷумҳурии Того адои вазифа намудааст.

Охирин мансаби давлатии ӯ вазифаи Сарвари ҶШС Тоҷикистон – Котиби якуми ҲК ҶШС Тоҷикистон буд, ки солҳои 1961-1982 ба ухда дошт.

Ҷаббор Расулов 4 апрели соли 1982 дар синни 69-солагӣ ҳангоми иштирок дар анҷумани Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон аз бемории сактаи дил вафот кардааст.

Соли 2010 – Расул Ҳодизода, адабиётшинос, мунаққид, нависанда ва тарҷумони тоҷик дар 82-солагӣ аз олам даргузашт.

Расул Ҳодизода

Расул Ҳодизода яке аз донишмандон ва муҳаққиқони варзидаи адабиёти тоҷики асрҳои миёна ва нав аст, ки осори зиёде дар бораи таърихи адабиёти тоҷик ва шахсиятҳои барҷастаи он таълиф кардааст.

Ӯ муаллифи асарҳои арзишманде чун “Аҳмади Дониш”, “Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX”, “Рӯдакӣ ва шоирони ҳамзамони ӯ”, “Ситорае дар тирашаб” буда, чандин асарҳои маъруфи ҷаҳониро тарҷума кардааст.

Соли 2021 – Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Асалбегим Саодатова

Асалбегим Саодатоваро бештар бо нақши “Аҷузкампир” аз намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон, Алифбо!” мешиносанд. Фаъолияти ин ҳунарпеша пурра дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон гузаштааст.

Тӯли беш аз чор даҳсола дар намоишномаҳои зиёд нақш бозида, симои қаҳрамонҳои аз лиҳози хислат, хулқу атвор, ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва идроки моҳияти зиндагӣ аз ҳам мутафовит офаридааст. Намоишномаҳои “Робиаи Балхӣ”, “Табиби зӯракӣ”, “Тангои ҷиноятӣ”, “Илоҷи беилоҷӣ ҳаст” зумрае аз онҳоянд.

Дар синамо бошад, дар филми “Асрори оилаи Ғаюровҳо” нақши хоҳар - Ғаюрова Руқияро бозидааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии огоҳонидан аз хатарҳои мина ва кӯмак дар безараргардонии минаҳо ҷашн гирифта мешавад. Маҷмаи Умумии СММ кишварҳоро даъват мекунад, ки барои поксозии заминҳо аз минаҳо чораҳои муассир андешанд, зеро онҳо ба амният, саломатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ халал мерасонанд.


4 апрели соли 1949 Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таъсис ёфтааст. Ин созмон як паймони мудофиавӣ ва сиёсӣ мебошад, ки асосан барои таъмини амният ва ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои худ таъсис ёфтааст. Дар оғоз 12 кишвар таъсисгузори НАТО буданд ва имрӯз ин созмон 30 аъзо дорад.


Ҳамасола 4 апрел ҳамчун Рӯзи интернет таҷлил мешавад. Ин сана бо рӯзи даргузашти Исидори Севиля, яке аз донишмандтарин шахсиятҳои асрҳои миёна, ки аввалин энсиклопедияи ҷаҳониро навиштааст, иртибот дорад.

Исидори Севиля, ки дар асрҳои 6-7 зиндагӣ кардааст, шахсияти маъруфи илмӣ ва динӣ буд. Вай бо эҷоди “Энсиклопедияи ягона” маъруф аст, ки дар он донишҳои васеъ дар бораи илм, фарҳанг, дин ва дигар соҳаҳои ҳаёт ҷамъ оварда шудаанд.


Инчунин, Рӯзи веб-мастерҳо таҷлил мегардад. Ин сана рамзӣ интихоб шудааст, зеро тарзи навишти санаи имрӯза бо рақам – 4.04 ба хатои маъруфи “404 – Саҳифа ёфт нашуд” шабоҳат дорад, ки ба фаъолияти веб-мастерон алоқаманд аст.

Хатои “404” вақте ба вуҷуд меояд, ки вебсайт кӯшиш мекунад, ба саҳифа ё мазмуне, ки дигар вуҷуд надорад, дастрасӣ пайдо кунад. Ин хато барои веб-мастерон ба ҳайси нишонае барои пайгирӣ ва бартараф кардани мушкилот ва иштибоҳҳои эҳтимолӣ дар вебсайтҳо боқӣ мемонад.


Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии сабзӣ аст. Ин рӯз аз соли 2003 инҷониб таҷлил мешавад ва ҳадафаш таъкид кардани фоидаи сабзӣ ба саломатӣ аст. Ҷолиб он аст, ки сабзӣ ибтидо дар Осиёи Марказӣ пайдо шуда, пеш аз пайдоиши ранги норинҷии муосир, ранги арғувон, зард, сафед ва ҳатто сиёҳ дошт.


Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи ҷаҳонии каламушҳо таҷлил мешавад, ки онро дӯстдорони ин ҷонвар дар соли 2003 таъсис додаанд. Олимон муайян кардаанд, ки ДНК-и каламушҳо бо инсон 95% монандӣ дорад, онҳо ҳам мисли одамон таҷриба меандӯзанд, хатоҳои худро ислоҳ мекунанд ва ҳатто хоб мебинанд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 10+15º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-33º сард, рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 6+8º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.