Охири моҳи феврали соли 2025 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” имзои протоколи иловагиро дар мавриди роҳандозии алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лондон дар нақша дорад.
Роҳбари Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки дар доираи созишнома ду вариант пешбинӣ шудааст: хатсайри мустақими Душанбе - Лондон - Душанбе ва хатсайри алтернативӣ тариқи Тифлис.
“Агар хатсайри мустақим пурра серталаб нашавад, самти алтернативиро тариқи Тифлис роҳандозӣ мекунем”, - зикр кард Назарзода.
Ӯ илова намуд, ки шумораи хатсайрҳо дар як ҳафта ҳоло муайян нашудааст ва он ба талабот ба билетҳои ҳавопаймо вобаста хоҳад буд.
“Лекин ҳоло роҳандозии як хатсайр дар як ҳафта ба нақша гирифта шудааст”, - изҳор дошт номбурда.
Дар Оҷонсӣ ҳамчунин хабар доданд, ки соли 2024 ширкати “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба 12 кишвар : Туркия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Русия, Қазоқистон, Чин, Олмон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон ва Гурҷистон парвозҳои мунтазам ва транзитӣ анҷом додааст. Ҳудуди 51%-и мусофирон ба шаҳрҳои гуногуни Русия расонида шуданд.





Бекор шудани 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, дурустии қарзи солҳои пешинро месанҷад
Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард
“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 28
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии S&P як зина беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?
Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2026
Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мавқеъ аст?
“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста