Баҳси чандсолаи молиявӣ ва ҳуқуқӣ миёни ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”-и Тоҷикистон ва ширкати “SkyRoad Leasing”-и Литва хотима ёфт. Дар ин бора рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ роҳбари ширкат Парвиз Шодмонзода хабар дод.
Мувофиқи қарори додгоҳ, қарзи ширкати ҳавопаймоӣ ба “SkyRoad Leasing” 36,6 млн долларро ташкил дода, аммо дар доираи созиши ҳосилшуда “Тоҷик Эйр” ҳамагӣ 2 млн доллар пардохт мекунад.
Шодмонзода зикр кард, ки онҳо аллакай ба суратҳисоби ширкати литвонӣ 500 ҳазор доллар гузаронидаанд ва пардохти 1,5 млн доллари боқимонда дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз ҳисоббаробарии ниҳоӣ ду ҳавопаймои ширкати “SkyRoad Leasing”, ки дар фурудгоҳи Душанбе қарор доранд, ба тавозун “Тоҷик Эйр” гузаронида мешаванд. Вале ҳарду ҳавопаймо ҳам ҳоло кор намекунанд ва ба таъмир ниёз доранд.
Мавқеи ширкати литвонӣ маълум нест.
Баҳс сари чӣ буд?
Баҳси мазкур ҳанӯз соли 2013 бо сабаби ҳар моҳ саривақт пардохт нашудани 149 ҳазор доллар аз ҷониби “Тоҷик Эйр” барои иҷораи ду ҳавопаймои "Boeing" сар зада буд. Дар натиҷа, ширкати Литва ба маблағи 20 млн доллар талаб кард.
Парванда байни “Тоҷик Эйр” ва “SkyRoad Leasing” дар Душанбе, Маскав ва ҳатто ИМА баррасӣ шуд.
Додгоҳи ҳакамии Вилнюс ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонро ба пардохти 20 млн доллар уҳдадор кард, лекин ин қарор аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе эътироф нашуда, “Skyroad Leasing” ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат намуд ва ин додгоҳ даъвои ширкати Литваро қонеъ кард.
“SkyRoad Leasing” ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонро дар рад кардани иҷрои қарори Додгоҳи ҳакамии Вилнюс айбдор мекард. Дар навбати худ, «Тоҷик Эйр» мегуфт, ки “SkyRoad Leasing” тартиби додани огоҳиномаро мутобиқи талаботи Қонуни дахлдор оид ба масуниятии соҳибихтиёрии хориҷӣ иҷро накардааст.
Дар ҷараёни баҳс бо “SkyRoad Leasing” яке аз ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" дар фурудгоҳи Внуковои Маскав боздошт шуда буд.
Парвиз Шодмонзода хабар дод, ки пас аз ҳалли масъала бо ширкати Литва, ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргардонида шуда, барои таъмир ба Ӯзбекистон фиристода хоҳад шуд.
Роҳбари "Тоҷик Эйр" ҳамчунин илова кард, ки ширкат ба дигар ташкилотҳо низ қарздор аст, аммо ҳаҷми ин қарзҳо чандон бузург нест. Баҳс бо “SkyRoad Leasing” яке аз мушкилоти ҷиддитарини ширкат маҳсуб меёбад.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 2019 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" парвозҳои байналмилалиро иҷро намекунад. Аммо аз тирамоҳи соли 2024 ин ширкат ба анҷоми парвозҳои дохилӣ аз Душанбе ба самтҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Панҷакент оғоз кард.





Бекор шудани 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, дурустии қарзи солҳои пешинро месанҷад
Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард
“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 28
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии S&P як зина беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?
Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2026
Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мавқеъ аст?
“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста