Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон (Оҷонсии ҳавонавардӣ) нақша дорад, ки соли равон ба як қатор кишварҳои хориҷа хатсайрҳои нав боз кунад. Аз ҷумла, ин ниҳод азм дорад, парвозҳо ба Кореяи Ҷанубӣ, Баританаяи Кабирро ба роҳ монад.
Дар ин бора Ҳабибулло Назарзод, директори Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки онҳо ҳамчунин азм доранд, ки дар соли 2025 парвозҳоро ба самтҳои Душанбе-Кеш-Душанбе, Душанбе-Ҷидда-Душанбе, Душанбе-Қоҳира-Душанбе, инчунин ба ҷумҳуриҳои Кипр, Маҷористон ва Британияи Кабир ба роҳ монданд.
Аз ин ниҳод хабар доданд, ки ҳоло аз Тоҷикистон ба 12 кишвар, аз ҷумла, Туркия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Русия, Қазоқистон, Чин, Олмон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон ва Гурҷистон парвозҳои мунтазам ва транзитӣ анҷом додан мумкин аст.
“Тоҷик Эйр” мехоҳад ба Ванҷ, Рашт ва Лахш низ парвоз кунад
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки дар соли 2025 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" хатсайрҳои нави дохилиро аз Душанбе ба Ванҷ, Рашт ва Лахш оғоз хоҳад кард.
Парвиз Шодмонзода, директори ширкати “Тоҷик Эйр” дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки айни замон корҳои таъмири фурудгоҳҳои маҳаллии Рашт ва Лахш идома доранд, ки ин ба беҳтар шудани инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити бароҳат барои мусофирон мусоидат хоҳад кард.

Барои таъмин намудани хатсайрҳои нав ва васеъ кардани парки ҳавопаймоҳо, ширкат таъмири куллии яке аз ҳавопаймоҳои АН-28-ро анҷом дод, ки ҳоло дар хатсайрҳои дохилӣ истифода мешавад. Дар ояндаи наздик таъмири ду ҳавопаймои дигар низ ба нақша гирифта шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки ҳоло баъд аз танаффуси тӯлонӣ "Тоҷик Эйр" парвозҳои дохилиро аз Душанбе ба Хоруғ, Кӯлоб ва Панҷакент барқарор кардааст.
Барои ин хатсайрҳо ҷадвали парвозҳо мавҷуд аст, аммо иҷрои он аз шароити обу ҳаво вобаста мебошад. Аз ҷумла, парвозҳо ба Хоруғ ва Панҷакент борҳо мавқуф гузошта шудаанд.
Таъкид карда шуд, ки аз замони оғоз шудани парвозҳо ба Хоруғ 30 парвоз анҷом дода шуда, тақрибан 1000 мусофир хизматрасонӣ гирифтааст.
Дар робита ба нархи баланди чиптаҳо дар хатсайрҳои дохилӣ, раҳбари ширкат зикр кард, ки нигоҳдории ин хатсайрҳо айни замон хароҷоти зиёд талаб мекунад ва на ҳамеша шумораи мусофирон хароҷотро пӯшиш медиҳад.
Бо ин вуҷуд, ӯ гуфт, ки ҳоло баррасии даромад ё зиён аз ин парвозҳо бармаҳал аст ва танҳо пас аз натиҷаҳои шашмоҳа арзёбии дақиқи он имконпазир хоҳад шуд.
Ҳоло нархи чиптаҳо аз Душанбе ба Хоруғ – 900 сомонӣ, ба Панҷакент 400 сомонӣ ва ба Кӯлоб 300 сомонӣ муқаррар шудааст.
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста