Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Кӯлоб ва Душанбе–Панҷакент хабар дод.
Ба гуфта ширкати "Тоҷик Эйр", парвоз миёни Душанбе ва Кӯлоб ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд. Парвози аввалин аз Душанбе ба Кӯлоб рӯзи 15-уми январ сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, нархи чиптаи ин масир 300 сомонӣ (шоми дирӯз "Тоҷик Эйр" нархи чиптаро дар ин масир 350 сомонӣ эълон кард, аммо ин субҳ онро то 300 сомонӣ поён овард) буда, вақти парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб соати 09:00 саҳар ва аз Кӯлоб ба Душанбе 10:00 саҳар оғоз мешавад.
“Парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб ва баръакс 30 дақиқа давом меёбад”, - гуфтанд аз “Тоҷик-Эйр” ба “Азия-Плюс”.
Ҳамчунин, манбаъ мегӯяд, парвозҳо дар хатсайри Душанбе–Панҷакент–Душанбе ҳам ҳафтае се бор, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе сурат мегиранд.
Аввалин парвоз аз Душанбе ба Панҷакент рӯзи 14 январ дар назар аст. Арзиши чиптаи ин масир 400 сомонӣ гуфта мешавад.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Панҷакент соати 09:00 саҳар ва аз Панҷакент ба Душанбе соати 10:30 саҳар маълум шудааст. Парвоз 40-45 дақиқаро дар бар мегирад.
Ширкати “Тоҷик-Эйр” гуфтааст, ки барои фармоиши чипта шаҳрвандон ба суроғаи ин ширкати ҳавопаймоӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, муроҷиат кунанд ва ё ба рақамҳои (+992) 110000012 занг зананд. Фурӯши чиптаҳо аз рӯзи 8-уми январ оғоз шудааст.
Парвозҳо ба ин ду масир бо ҳавопаймоии АН-28, ки анҷом хоҳанд шуд, ки барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.
Ширкати "Тоҷик Эйр" қаблан гуфта буд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки охири моҳи сентябри соли гузашта “Тоҷик-Эйр” пас аз чанд сол қарздорӣ ва "танаффус" эълон кард, ки парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ–Душанберо дигарбора барқарор мекунад. Парвоз дар як ҳафта се маротиба, душанбе, чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешавад, вале парвози ҳавопаймо ба вазъи ҳаво вобаста аст. Нархи чипта ба Хоруғ 900 сомонӣ аст.
По принципу паритета. МИД Таджикистана подтвердил безвизовый въезд граждан Ирана
Как женщины в электронной коммерции создают будущее Таджикистана
Эмомали Рахмон призвал земледельцев использовать «лучшие семена и плодородные саженцы»
На пути к UFC. Таджикский боец Бахтовар Юнусов будет выступать в новой лиге
«Не имеет реальных оснований». Министр образования Таджикистана ответил депутату Госдумы России
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Большие планы нового главы Службы связи, страх мигрантов в США и полный безвиз с Ираном
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 февраля 2025 года
Кем был редактор самой массовой газеты в истории Таджикистана?
Казахстан помог Таджикистану мазутом и продуктами питания
Как десять Пентагонов. Китай построит крупнейший в мире подземный военный комплекс
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста