Исфандиёри Саъдулло, раиси нави Хадамоти алоқа зимни нишасти хабарӣ ваъда дод, ки дар “ояндаи наздик” нархи интернет арзон мекунанд, вале гуфт, он набояд ба сифати хидматрасонӣ таъсир расонад.

 

“Дар "ояндаи наздик" нархи интернетро паст мекунем”

Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа имрӯз, 29-уми январ дар меҳмонхонаи “Румӣ” баргузор шуд ва пас аз хондани варақаи матбуотӣ ва посух додан ба чанд савол Исфандиёри Саъдулло аз рӯзноманигорон хост, ки танҳо як савол диҳанд.

Бо ин вуҷуд, ӯ тасдиқ кард, ки мушкили суст будани интернет дар атрофи шаҳри Душанбе ва ҳама музофоти кишвар вуҷуд дорад ва сокинон аз ин вазъ бисёр шикоят кардаанд.

Исфандиёри Саъдулло
Акс аз Азия-Плюс

“Дар ин робита мо бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ суҳбат кардем. Инро пурра, ҳамаҷониба меомӯзем. Ҳамчунин, ният дорем, ки бо ширкатҳои воридкунандаи интернет ҳамкориро хубтар ба роҳ монда, дар ояндаи наздик нархи интернетро паст менамоем”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.

Раиси нави Хадамоти алоқа таъкид кард, ки паст кардани нархи интернет ҳамон гунае бояд бошад, ки ба сатҳи хидматрасонӣ дар соҳаи интернет халал ворид накунад.

Ӯ дақиқ нагуфт, ки барои пурра ҳал кардани мушкили интернет дар Тоҷикистон чӣ қадар вақт лозим аст.

Вале гуфт, ки барои беҳтар кардани сифати алоқа ширкатҳо муваззаф шудаанд, ки чораҳои алтернативӣ андешанд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар манораҳои мобилӣ акумиляторҳое насб мешаванд, ки дар вақти хомуш шудани барқ мавҷи алоқа таъмин бошад.

Ба гуфтаи раиси нави хадамот барои беҳтар кардани суръати алоқа ва интернет соли гузашта дар кишвар 798 истгоҳҳои нави базавӣ насб карда шуда, ҳамчунин барои дастрасӣ ба интернети баландсуръат зиёда аз 300 километр хати нахи нурӣ кашида шудааст. Ба иттилои ӯ, ҳолати аввали соли равон дар  кишвар беш аз 16 ҳазор базаи фаъол доранд.

 

Блогерон “гунаҳкор”-и  суст будани интернет?

Исфандиёри Саъдулло инчунин гуфт, ки сифати интернет дар чанд соли охир хубтар шудааст, вале шумораи истифодабарандагон низ беш аз пеш афзудааст, ки “сарбориро ба миён овардааст”.

Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа
Акс аз Азия-Плюс

Ӯ барои мисол гуфт, ки “бубинед, шумораи блогерҳо ва наворҳои видеоӣ дар интернет то чӣ андоза афзоиш ёфтааст?!”.

Ӯ гуфт, ки яке аз сабабҳои суст будани интернет дар Тоҷикистон мавқеи ҷуғрофии он аст.

"Яке аз омилҳои дигар ин мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон аст. Чун минтақаи кӯҳӣ аст, фарогирӣ ва паҳншавии мавҷ мушкил аст. Мо бояд нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон ба маротиб бештар истгоҳҳои базавӣ насб намоем, ки ин хароҷот ва сарбории иловагӣ дорад",- афзуд ӯ зимни нишасти матбуотӣ.

Раиси нави Хадамоти алоқа гуфт, ҳоло дар шаҳри Душанбе истгоҳҳои базавии сайёр ҳастанд, ки дар ҳолати сарборӣ ба истгоҳи базавии ширкатҳои мобилӣ ба минтақа рафта, мавҷи алоқа ва интернетро таъмин мекунанд.

 

Беш аз 4 млрд сомонӣ даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар як сол

Хадамоти алоқа иттилоъ дод, ки соли 2024 ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон 4,3 миллиард сомонӣ даромад гирифтаанд, ки ин назар ба як соли пеш 11,3 дарсад ё каме беш аз 500 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ба иттилои ин ниҳод ҳоло шумори корбарони пайвастшудаи алоқаи барқӣ дар Тоҷикистон 8 млн нафар аст, ки аз ин 5 млн фаъоланд. Теъдоди истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,5 млн. нафар мебошад.

Акси марбут
Акс аз habr.com

Исфандиёри Саъдулло гуфт, ки ҳоло 4 ширкат каналҳои интернет ворид мекунанд, вале кадом ширкатҳо ва дар кадом ҳаҷм посухи дақиқ надод.

Сардори нави Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилоъ дода, ки ин алоқаи насли ду - 2G беш аз 96%, насли сеюм беш аз 85% ва насли чорум беш аз 72%-ро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло се ширкати мобилӣ таҷрибаи кор бо интернети 5G-ро оғоз кардаанд.

 

Нигарониҳо аз нарх ва сифати интернету алоқа

Бояд зикр кард, ки мушкили интернет дар Тоҷикистон чандин сол аст, ки мавриди баҳс аст. Таъкиди раиси ҷумҳури кишвар зимни паём ба парлумон дар соли 2022 ва интиқодаш аз суръату сифати интернет ин баҳсро то ҳол гарм нигоҳ доштааст.

Бинои хадамоти алоқа

Давоми ду соли охир хабарҳо дар бораи беҳтар кардани интернет зиёд расонаӣ мешавад, вале то ҳол аҳолӣ аз нархи интернет ва сифати он шикоят мекунанд ва кишвар дар рейтингҳои баналмилалӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои охир аст.

Аз ҷумла, тибқи раддабандии арзиши трафики интернет барои соли 2024, ки Global Relocate таҳия кардааст, Тоҷикистон дар байни 238 кишвар ва қаламравҳои вобастаи ҷаҳон дар ҷойи 142-ум қарор дорад. Нархи миёнаи 1 гигабайт интернет дар кишвар $1,65 мебошад.

Ҳамзамон, дар раддабандии Speedtest Global Index Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар моҳи июли соли 2024 дар байни 143 кишвар дар ҷойи 139-ум, яъне дар байни 5 кишвар бо сусттарин интернети мобилӣ қарор дошт. Аз рӯи суръати интернети ноқилӣ бошад, дар байни 181 кишвар дар ҷойи 131-ум қарор гирифт.

Зимнан, 23 январи соли 2024 бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Бег Сабур баъди 14 соли роҳбари дар ин ниҳод аз мақоми роҳбари Хадамоти алоқа барканор ва ба нафақа фиристода шуд. Ба ҷойи ӯ Исфандиёр Саъдулло роҳбари нави Хадамоти алоқа таъйин гардид.

То ин замон, ӯ дар вазифаи муовини аввали директори генералии ҶСК «Телерадиоком» дар назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.