Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ду ширкати маҳаллии хусусӣ иҷозатонома барои ворид кардани инернет аз хориҷи кишвар додааст. Дар ин бора сомонаи Хадамот иттилоъ медиҳад.
Ниҳоди зери роҳбарии Бег Сабур навиштааст, додани иҷозатнома ба ду ширкати нав “барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба интернет” мусоид мекунад.
“Ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидати фаъол менамояд”, - гуфтааст Хадамоти алоқа.
Ин ниҳод аз ин ду ширкати маҳаллӣ ном набурдааст ва ҳам нагуфтааст, ки онҳо кай ба воридоти интернет оғоз мекунанд. Ҳамин тариқ, аниқ нест, ки онҳо мустақиман худашон интернет ворид мекунанд ва ё тавассути Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва “Тоҷиктелеком”. Кӯшишҳои мо барои шарҳи ин масъала аз роҳбарияти Хадамоти алоқа бенатиҷа анҷом ёфт. Роҳбарияти Хадамот ба зангҳои пайдарпаи мо посух надоданд.
Инҳисори соҳа аз байн меравад?
Додани иҷозатнома ба ду ширкати хусусӣ барои ворид кардани интернет дар ҳолест, ки сар аз соли 2016 раванди инҳисори бозори алоқа дар Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ягонаи коммутатсионӣ, ки дар базаи “Тоҷиктелеком" таъсис дода шуд, оғоз гардид.
Соли 2018 ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ уҳдадор шуданд, ки интернетро аз Маркази ягонаи коммутатсионӣ (“Тоҷиктелеком”) харидорӣ кунанд ва танҳо ширкати “Тоҷиктелеком”, ниҳоди тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳақ пайдо кард, ки интернетро аз хориҷ харидорӣ ва ба онҳо фурӯшад.
Он замон ширкатҳои мобилӣ ва провайдерон ин тасмимро инҳисори воридоти интернет арзёбӣ карда, аз нархҳои баланди “Тоҷиктелеком” шикоят карда буданд. Онҳо ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Додситони кулли кишвар нома навишта буданд.
Қаблан ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ мустақилона аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин яклухт ва мустақим интернетро бо нархи 10-20 ҳазор доллари ИМА барои 1 гигабит харидорӣ мекарданд.
Ҳоло Маркази ягонаи коммутатсионӣ бо такя ба сири тиҷоратӣ бо кадом нарх фурӯхтани интернетро ошкор намекунад. Вале соли 2019 ширкатҳои мобилӣ гуфта буданд, ки маҷбуранд, аз ин ширкат бо нархи 51 ҳазор доллар барои 1 гигабит бидуни андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) интернет харанд.
Коршиносон борҳо таъкид карданд, ки инҳисори бозори алоқа аз ҷониби ягона бозигар “Тоҷиктелеком”, ки тамоми манобеъи алтернативӣ (шлюзҳо ва суроғаҳои IP) бастааст, ба он оварда расонд, ки ширкат наметавонад интернети баландсифатро барои ҳама корбарон таъмин намояд.
“Агар Хадамоти алоқа ба дигар ширкатҳои хусусӣ ҳаққи хариду паҳн кардани интернетро иҷоза медод, он гоҳ як қисми бори гарон ба дӯши бозигарони нав меафтад ва рақобат сифатро беҳтар ва нархи интернетро поин мебурд”, - такрор мекунанд коршиносон давоми 8 соли охир.
Вале дар соли 2018 Музаффар Ҳимматов, директори генералии “Тоҷиктелеком” зери инҳисор қарор додани бозори алоқаро рад карда, гуфта буд, “ҳамаи ин корҳо дар доираи қонунгузорӣ сурат мегирад”.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ дар охири моҳи декабри соли гузашта аз нарху сифати интернет дар кишвар нигаронӣ карда, аз Хадамоти алоқа талаб кард, ки чораандешӣ кунанд. Баъдан Хадамот ситоди корӣ таъсис дод ва ваъда дод, ки дар мудати кӯтоҳ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ нарху сифати интернетро беҳтар мекунанд.
Зоҳиран, барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда Хадамоти алоқа бояд аз тасмими соли 2016-аш даст кашад.
Интернети баландсуръат аз Чин
Ҳамчунин, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар “ояндаи наздик” ба хати баландсуръат ё шабакаҳои телекоммуникатсионии Чин пайваст мешавад, ки он “барои кишвари мо дар соҳаи алоқа аз аҳаммияти муҳим бархӯрдор аст”.
“Ин амал дар доираи Лоиҳаи сохтмони шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат дар самти “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма” сурат мегирад. Бо мақсади ҳарчи зудтар анҷом додани пайвасти мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин, корҳои корҳои амалӣ босуръат ҷараён дорад”, - зикр мешавад дар иттилоияи Хадамоти алоқа.
Ин ниҳод афзудааст, ки ин амал боиси ташкили хатҳои алоқаи нахию нурии баландсуръати байналмилалии иловагӣ барои пайваст шудан бо шабакаҳои глабалии интернет мегардад ва потенсиали транзитии шабакаҳои телекоммуникатсионии кишварро боло бурда, бунбасти коммуникатсионии ҷумҳуриро аз байн мебарад.
Дар ин хабар ҳам, Хадамоти алоқа дар бораи ширкатҳои мушаххасе, ки ин тарҳро амалӣ мекунанд, арзиш ва манобеъи маблағгузорӣ ва муҳлати анҷоми он ҳарфе намегӯяд.
Гостинице «Душанбе» - 60 лет! Как раньше выглядел один из лучших отелей СССР?
Турция простила внешний долг Кыргызстану
От водных городов до динозавров. Топ-5 самых необычных музеев Китая
Что говорит Конституция Таджикистана о правах и свободах человека, о демократии?
В США начались 60-е президентские выборы
Сливочное масло в России подорожало. А, значит, жди подорожания и в Таджикистане
Узбекистанца приговорили к 5 годам тюрьмы за участие в военных действиях в Украине
Военные, флаги и транспаранты. Как в Хатлоне отметили 30-летие Конституции Таджикистана
Женская команда «Душанбе» в пятый раз стала чемпионом Таджикистана по футболу
В России сократилось число выданных мигрантам патентов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста