ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲО БАРОИ 26 МАРТ
- Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон таҳти унвони “Дар саргаҳи хазинаи Амударё” баргузор мегардад, ки он рӯзи 24-уми март оғоз гардида, имрӯз ҷамъбаст мешавад.
Форум зиёда аз 250 ширкати заргарӣ, устоён ва тарроҳони заргариро аз Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Эрон, Чин, АМА, Покистон, Русия, Туркия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Шарқи Наздик муттаҳид месозад. Форум дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ва намоишгоҳ – дар Маркази намоишии Душанбе баргузор мегарданд.

- Имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мусобиқоти варзиши сайёҳӣ идома доранд, ки дар он 55 иштирокчӣ аз ҷумла аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва дигар кишварҳо дар он ширкат мекунанд.
- Аз 25 то 27-уми март дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи гӯштин баргузор мегардад, ки дар он варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия ширкат доранд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 МАРТ
Соли 2009 –Эмомалӣ Раҳмон бо сафари аввалини расмӣ ба Муғулистон рафт, ки дар ҷараёни он панҷ ҳуҷҷати ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон ба имзо расид.
Соли 2012 – Дар шаҳри Душанбе Конфронси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) баргузор гардид.
Соли 2019 – Аввалин хадамоти хусусии почта бо номи “Почтаи Аср” ба фаъолият оғоз намуд, ки доираи васеи хизматрасониҳо, аз ҷумла, интиқоли баставу боркашониро фаро мегирад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1906 – Зодрӯзи Қулмамад Элназаров, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони Шуравӣ.
Қулмамад Элназаров яке аз ҳунармандони маъруфи Бадахшон буда, дар соли 1933 мактаби партиявию советии шаҳри Хоруғро хатм кардааст. Солҳои 1942-1972 дар муассисаҳои мадании ноҳияи Рӯшон ба сифати мудири шӯъбаи маданият, директори Хонаи маданият, мудири клуб, роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъат заҳмат кашидааст.
Асбобҳои мусиқии миллиро хуб менавохт ва оҳангҳои дилпазир эҷод намудааст. Аз ҷумла “Фалаки Помир”, “Ошиқам”, “Меҳнат шараф аст”, “Гул бе рухи ёр”, “Зиндагӣ”, “Боди шӯрта”, “Афсона нест” барин таронаҳояш аз намунаҳои беҳатрини эҷоди ӯ мебошанд.
Соли 1957 – Мавлуди Гулчеҳра Иноятова, пианинонавози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Гулчеҳра Иноятова яке аз пианинанавозони маъруфи тоҷик аст, ки бо иҷрои асарҳои композиторони тоҷик шуҳрат касб кардааст. Ӯ хатмкардаи Консерваторияи давлатии Маскав ба номи Чайковский буда, солҳо он ҷо маҳорати касбиашро такмил додааст.
Баъдан солҳо дар кафедраи фортепианои махсуси Донишкадаи давлатии санъат ба номи Турсунзода, Институти давлатии мусиқӣ-педагогии Тамбов ба номи С.В.Рахманинов фаъолият дошт.
Шурӯъ аз соли 2010 дар кафедраи фортепианои махсуси Университети педагогии Чини Ҷанубӣ фаъолиятро ооз кард ва профессори ин донишгоҳ аст.
Соли 1957 – Зодрӯзи Ҷурахон Маҷидзода, ҳуқуқшинос, генерал-майори милитсия.
Ӯ чанд сол дар мансабҳои роҳбарикунанда дар ВКД кор кардааст ва як муддат вакили парлумон ҳам буд.

Дар соли 1995, як сол баъди фаъолият ҳамчун сардори ШКД-и ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон таъин шуд ва як сол дар ин мансаб кор кард. Дар соли 1996, қариб як сол сардори РВКД дар вилояти Хатлон буд.
Аз соли 1996 то соли 1997 муовини Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, аз соли 1997 то соли 1999 муовини раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2001 муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Президенти Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2007 сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт будаи ВКД Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин, ду сол (2007—2009) сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Тоҷикистон, се сол, (2009—2011) намояндаи Ваколатдори ВКД Тоҷикистон (Муовини директор) дар бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона дар ИДМ, ду сол (2011—2013) сардори Раёсати Мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон ва ду соли дигар (2013—2015) сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон убд.
Аз соли 2015 то 2020 аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод № 38 вакили парлумон буд.
Соли 1967 – Зодрӯзи Саидзода Сунъатулло, раиси шаҳри Роғун.
Соли 1972 – Зодрӯзи Абдураззоқ Раззоқов, олим, риёзидон, шоир ва рӯзноманигори тоҷик.
Соли 2022 - Раҷаб Ҳусейнов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар Санкт-Петербурги Русия даргузашт.

Ӯ 15 августи соли 1941 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1964 Институти театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро хатм намудааст. Дар Театри Лоҳутӣ (то соли 1998) ба сифати актёр ҳунар озмуд, аз соли 1998 актёри Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский буд.
Дар қариб шаст спектакл, аз қабили «Гамлет», «Шаби гирифтани моҳ», «Рустам ва Суҳроб», «Дод аз дасти ақл», «Роҳзанон», «Маро тарк макун», «Сарбозони инқилоб», «Шаби охирини Суқрот» нақшҳои хотирмон бозидааст.
Дар «Тоҷикфилм», киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд. «Қиссаи зиндони Павиак», «Чор дарвеш», «Ситораи Улуғбек», «Ҷумъаи ҳафтум», «Хӯҷаини об», «Робита», «Субҳи Ганг», «Тӯфон дар водӣ”, филми бисёрқисматаи телевизионии «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» намунае аз қариб панҷоҳ филманд, ки номбурда дар онҳо образҳои гуногун офаридааст. Саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ ниҳоят калон аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 2003 дар сайёраи Миррих баҳри бузурги яхбаста кашф гардид. Ба ақидаи олимон, тахминан 5 миллион сол пеш ин минтақа бо масоҳати 800×900 км зери об монда, сипас ях бастааст ва дар болои он қабатҳои гуногун ҷамъ шудаанд.

Имрӯз дар саросари ҷаҳон “Рӯзи бунафш” (Purple Day) таҷлил мегардад. Ин як чорабинии байналмилалии ҳамасола мебошад, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба бемории эпилепсия аст.

Соли 1828 дар ин рӯз ягона консерти муаллифии Франс Шуберт, композитори машҳури австриягӣ баргузор гардид. Вай камтар аз 32 сол умр дид ва аз Бетховен як насл ҷавонтар буд ва ҳамагӣ баъди якуним соли марги ӯ даргузашт.
Бо вуҷуди умри кӯтоҳаш, Шуберт беш аз ҳазор асар эҷод кардааст. Шуҳрати истеъдоди ӯ маҳз аз ҳамин консерт, ки 26 марти соли 1828 дар Вена баргузор шуд, оғоз гардид.

Соли 1934 дар Британия имтиҳони расмии ронандагӣ ҷорӣ шуд. Аввалин шаҳодатномаи ронандагӣ дар ҷаҳон ҳамчун “гувоҳнома дар бораи қобилияти идора кардани воситаи нақлиёт бо муҳаррики механикӣ” 14 августи соли 1893 аз ҷониби префекти пулиси Париж Луи Лепин ба як ронандаи фаронсавӣ дода шуда буд.
Дар он замон барои гирифтани чунин гувоҳӣ имтиҳон супоридан лозим набуд, танҳо намоиш додани малакаи идора кардани мошини шахсӣ кофӣ буд.
Имтиҳони ҳатмӣ аввалин бор соли 1899 дар шаҳри Чикаго ҷорӣ шуд. Дар Британия имтиҳони расмии ронандагӣ танҳо соли 1934 ҷорӣ гардид. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ панҷ категорияи шаҳодатномаи ронандагӣ, ки ҳуқуқи идора кардани намудҳои гуногуни нақлиётро муайян мекард, аз солҳои 1970-ум пайдо шуд.

Соли 2000 Владимир Путин бори аввал президенти Русия интихоб шуд.
Ӯ 31 декабри соли 1999, пас аз истеъфои президенти якуми Русия Борис Елтсин ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи президент таъин гардида буд.
Баъдан, вай дар солҳои 2004, 2012, 2018 ва 2024 ба ин мансаб дубора интихоб гардид. Пеш аз интихоботи соли 2012 муҳлати президентӣ дар Русия аз 4 ба 6 сол дароз карда шуд.

Соли 2006 шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ба фаъолият оғоз намуд. Ин лоиҳаро Алберт Попков вебтаҳиягар пас аз панҷ соли кор дар соҳаи технологияҳои интернетӣ дар Британия таҳия кард.
Аввалан, “Одноклассники” барои ӯ як шуғли дӯстдошта буд, аммо шабака ба суръати ғайричашмдошт рушд кард ва дар давоми ҳафт моҳ фарогирии он ба 1,5 миллион истифодабаранда расид.
Соли 2008 дар ин шабака бақайдгирӣ пулакӣ шуд, ки боиси норозигии корбарон гардид. Ин маҳдудият соли 2010 бекор карда шуд. То аввали соли 2020, шумораи корбарони “Одноклассники” ба 43 миллион нафар расида, ҳамарӯза онро тақрибан 20 миллион нафар боздид мекарданд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 26 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 10+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард, рӯзона 1+6º гарм дар баъзе минтақаҳо то 4-6º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 7+9º гарм.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста