Имрӯз, 25-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат бо Асад Маҷид Хон, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот кард.
Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, зимни мулоқот раиси ҷумҳур гуфтааст, “Тоҷикистон узви фаъоли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои аъзои он мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи мо қарор дорад”.
“Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёту комуникатсия, энергетика, саноат ва кишоварзӣ дар чорчӯби Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - навишт манбаъ.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот оид ба татбиқи самараноки Стратегияи “Чашмандоз - 2025” ва таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақа ба истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда, рушди иқтисоди “сабз”, масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиши офатҳои табиӣ табодули афкор сурат гирифтааст.
“Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ ва арсаҳои гуногуни гуманитариву фарҳангӣ, бахусус илму маориф низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд”, - зикр мешавад дар хабари дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Бояд гуфт, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ як ниҳоди минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод мебошад, ки дар соли 1985 таъсис ёфтааст ва Тоҷикистон аз соли 1992 узви он мебошад.
Чаро дар Тоҷикистон сим-кортҳои кӯдакона нест?
Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста