Гела Шакиладзе, сармураббии дастаи мунтахаби футболи кишвар барои бохт аз дастаи мунтахаби Белорус бо ҳисоби 0:5 аз мухлисон узр пурсид. Ӯ, ҳамчунин, аз ҳаводорони футболи тоҷик даъват кард, ки дар рақобат бо Тимори Шарқӣ мунтахаби кишварро дастгирӣ кунанд.
“Пеш аз ҳама аз номи тамоми даста аз мухлисон ва ҷомеаи футболӣ барои натиҷаи вохӯрии рафиқона бо мунтахаби Беларус узр мепурсам. Мутаассифона мо табъи онҳоро дар ҷашни Наврӯз хира кардем. Пеш аз ҳама, ин хатои бузурги ман аст, ки дастаро омода карда натавонистам. Мо ҳамагӣ 60 дақиқа футбол бозӣ кардем ва 30 дақиқаи охир комилан бозиро аз даст додем. Голҳои сардода натиҷаи хастагӣ ва хатоҳост, қувваи бачаҳо дар қисми дуюм тамом шуд. Мо аз рақобат бо Беларус таҷрибаи талх гирифтем, кӯшиш мекунем дар бозиҳои расмӣ чунин иштибоҳҳоро такрор накунем”, - гуфтааст Шакиладзе.
Сармураббии тими миллӣ дар мавриди бозӣ бо Тимори Шарқӣ ҳам назари худро баён доштааст:
“Дастаи Тимори Шарқӣ бо тими Беларус дар як сатҳ нест, аммо ин дафъа ҳамаи диққатамон дар майдон хоҳад буд. Ба мухлисон муроҷиат мекунам, ки дар чунин рӯзҳои душвор дастаро дастгирӣ кунанд. Тими миллии Тоҷикистон дастаи ҳамаи мост. Ҳоло мунтахаб ба дастгирии мухлисон эхтиёҷ дорад”, - изҳор доштааст мутахассиси гурҷӣ.
Бозии Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 соати 16:00 имрӯз дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад. Даромад ба ин бозӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.
Чаро дар Тоҷикистон сим-кортҳои кӯдакона нест?
Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста