Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қарори худ қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёриро, ки то 1 январи соли 2023 ташакул ёфтаанд, ҷуброн кардааст.
Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 28-уми марти соли 2023 қабул гардидааст, гуфта мешавад, аз ҳисоби маблағҳои депозитии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими уҳдарориҳои молиявӣ дар назди ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 467 миллиону 230 ҳазору 608 сомонӣ ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” барои танзими қарзҳои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ки ба 1 январи соли 2023 ташакул ёфтаанд, 37 миллиону 525 ҳазору 490 сомонӣ ҷудо карда шавад. Дар умум ин маблағ 504 миллиону 756 ҳазору 98 сомониро ташкил мекунад.
Мувофиқи ин қарор Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вазифадор шудааст, ки 467 миллиону 230 ҳазору 608 сомониро барои пардохти ҳақи барқи истифодакардааш ба суратҳисоби ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” гузаронад.
Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои пардохти ҳақи истифодаи барқи пойгоҳҳои обкашӣ ба Агентии беҳдошт ва обёрӣ пешбинӣ шудааст, 5 млн. сомониро барои хариди таҳҷизоти баҳисобгирии нерӯи барқ ва ҷорӣ кардани низоми билингии пардохти ҳақи барқ сарф намояд.
“То 1-уми июли соли 2023 бояд ҳама пойгоҳҳои обкашии зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёри ба феҳрести махсус ворид карда шуда, ҳақи истифодаи об тариқи ғайринақдӣ пардохт карда шавад”, - зикр мешавад дар қарор.
Мувофиқи қарори мазкур ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” вазифадор шудааст, ки 504 миллиону 756 ҳазору 98 сомоние, ки аз ҳисоби Агентии беҳтошти замин ва обёрӣ ва қарзи ташкилотҳои буҷетӣ ба суратҳисобаш ворид шудаанд, пурра ба суратҳисоби ҶСШК “Барқи тоҷик” барои коҳиш додани қарзи истифодаи нерӯи барқ равона кунад. ҶСШК “Барқи тоҷик” бошад, ин маблағ, яъне 504 миллион 756 ҳазору 98 сомониро барои пардохти қарзаш дар назди НБО “Роғун” равона кунад.
Дар яке аз бандҳои ин қарор омадааст, ки дар Сарраёсати марказии хазинадории Вазорати молияи кишвар суратҳисоби махсус барои воридоти қарзҳои ҳаққи истифодаи об кушода шавад. Агентии беҳдошти замин ва обёриро вазифадор кардааст, ки то 1-уми январи соли 2026 дар ҳамбастагӣ бо мақомоти назоратию санҷишӣ маблағҳои қарзи ҳаққи истифодаи обро, ки ба 1-уми январи соли 2023 ташаккул ёфтаанд, ба ин суратҳисоб ворид кунад. Аз ҳисоби воридоти ин маблағҳо 30 дарсади он ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва 70 дарсади боқимонда барои сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз ҷумла, обрасонӣ равона карда шаванд.
Чуноне аз замимаҳои ин қарор дида мешавад, бештари қарзҳои ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби истифодаи ҳақи барқ ба соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳои Суғду Хатлон рост меояд.
Як манбаъ аз филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфт, вобаста ба қарзи ташкилотҳои буҷетӣ ва идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ мушкилу баҳсҳои зиёде буд ва баъди ин қарори ҳукумат вазъ хеле сабук гардид.
Ёдовар мешавем, ки намояндагони ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ” 13-уми феврали соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буданд, ки ҳаҷми умумии қарз идораву корхонаҳо дар назди ин ширкат ҳудуди 3,7 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Он замон “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз бузургтарин қарздорон номбар карда шуд.
Трое из четверых – бывшие заключенные. «Азия-Плюс» поговорила с родственниками подозреваемых в убийствах в Канибадаме
Бюджет ГБАО на 2025 год вырос почти в 2,5 раза
Стало известно, когда новый российский тренер кулябского «Равшана» приедет в Таджикистан
Исследование: Таджикистан удерживает лидерство по низким выбросам CO₂ в ЦА
IDC: Huawei заняла первое место в мире по количеству продаж носимых устройств за первые три квартала 2024 года
«10 часов обещают, 5 часов дают!» Жители Таджикистана жалуются на несоблюдение графика подачи электроэнергии
Дильшода Назарова переизбрали главой Федерации легкой атлетики Таджикистана
Душанбе удовлетворен сотрудничеством с РФ, а Москва увеличит число российских учителей в школах РТ. Главное о переговорах Рахмона и Путина
Работа для таджикистанцев в Катаре: зарплаты, условия и куда обращаться
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 декабря 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста