Таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиа доир гардида, дар он масоили марбут ба таъмини волоияти қонун, пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангӣ ва дар ин замина боз ҳам тақвият додани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию маърифатнокии хизматчиёни ҳарбӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла омодагии ҷангӣ, тайёрии амалиётӣ, вазъи ҷинояту қонуншиканиҳо, ҳолати нигаҳдорӣ ва истифодаи самараноки техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, ҷараёни чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, натиҷаҳои санҷиши инспексионӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Гуфта мешавад, вазири мудофиа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, ҳифз ва ҳимояи шаҳрчаҳои низомӣ, боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуд.
Каждая роль - шедевр. Памяти неподражаемой Туфы Фазыловой
Глава Кувейтского фонда развития готов и далее финансировать проекты в Таджикистане
В Швеции освободили подозреваемых в убийстве организатора сожжения Корана Салвана Момики
Остатки Стабфонда развития экономики Таджикистана направляют на достройку Рогуна
Глава Комитета по строительству сообщил, почему в Таджикистане высокие цены на жилье
«Сомон Эйр» увеличивает частоту полетов из Душанбе в Тегеран
Увидят ли душанбинцы Генплан столицы? Отвечает Комитет по архитектуре и строительству
Сенаторы Таджикистана одобрили отставку Юсуфа Рахмона и Шермухаммада Шохиёна
Глава АКН подтвердил изъятие метамфетамина в грузовиках, следовавших из Афганистана в Китай через Таджикистан
Упадок сил, сердцебиение и еще 200 симптомов. Затяжной ковид – что это за состояние?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста