Аз оғози соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтии вилояти Суғд бо мақсади таъмини аҳолии минтақа бо маҳсулоти хушсифат ва бехатари дорувории тиббӣ дар доираи рейдҳои мунтазам дар 559 муассисаи фармасевтӣ, 79 муассисаи дармонгоҳӣ ва пешгирии бемориҳо ва 260 мағозаву нуқтаҳои фурӯши воситаҳои косметикӣ ва гигиенӣ санҷишҳо гузаронида шуданд.

Сардори Раёсати зикршуда Диловар Холов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷараёни санҷишҳо 900 номгӯй (241 ҳазору 038 дона)-и дорувории тиббӣ, иловаҳои фаъоли билогӣ, воситаҳои косметикиву гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, бидуни сертификати мутобиқат ба сифат ва ба меъёрҳои тасдиқшуда номутобиқ мусодира шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи натиҷаҳои санҷиш бо пешниҳоди шуъбаҳои Раёсат нисбати 101 нафар соҳибкорони хусусӣ, кормандони муассисаҳои фармасевтӣ, муассисаҳои дармонгоҳӣ ва пешгирии бемориҳо мувофиқи қонунгузорӣ парвандаҳои маъмурӣ боз гардида, аз онҳо ба нафъи буҷети давлатӣ ба маблағи умумиии 229 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи дорувории тиббиву воситаҳои мусодирашуда ба маблағи умумии 1 млн. 530 ҳазор сомонӣ дар ҳузури аъзои комиссияи махсус дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд сӯзонида шудааст.