Дар шаҳри Вена рӯзи 13 март ҷаласаи ҷашнии 60-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар доир гардида, дар ҳошияи он таҳти унвони «СММ ва СҲШ дар мубориза алайҳи маводи нашъаовар: таҳдидҳои умумӣ, амалҳои муштарак» чорабинии махсуси сатҳи баланд баргузор шуд.

Зимни муроҷиат ба иштирокчиёни чорабинӣ дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Рашид Олимов қайд кард, ки «СҲШ аз замони таъсис масъалаи муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро яке аз вазифаҳои муҳими худ мешуморад».

«Заминаи маҷмӯавии меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба ҳамкории мутақобила дар ин самт имкон фароҳам оварда, дар ҳамин ҳол аз соли 2011 нақши «харитаи роҳ»-ро Стратегияи зидди маводи мухаддири кишварҳои узви СҲШ ва Барномаи амал барои татбиқи он иҷро мекунад», - иброз доштааст ӯ.

Олимов ҳамчунин зикр кардааст, ки тайи панҷ соли охир ба туфайли талошҳои муштарак зидди паҳншавии маводи мухаддир дар паҳнои СҲШ, наҷоти беш аз 3 млн. нафар аз вобастагӣ ба маводи нашъаовар муяссар шудааст.