Кормандони Раёсати Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия дар Тотористон фаъолияти гурӯҳи шахсонеро, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба Русия машғул будаанд, қатъ карданд. Дар ин бораи РИА Новости хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аз се нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ду нафар шаҳрванди Русия ва 1 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон беш аз 20 кило эҳтимол маводи мухаддири героини афғонӣ мусодира шудааст, ки аз Тоҷикистон ба Маскав тариқи қаламрави Тотористон интиқол дода мешудааст. Арзиши эҳтимолии маводи мухаддири мусодирашуда ҳудуди 200 млн. рублро ташкил медиҳад.

«Воситаҳои нашъаовар нахуст ба қаламрави Тотористон ва сипас ҳар дафъа ба миқдори 10 кило тариқи автомашшина ба шаҳри Маскав барои фурӯш бурда мешудааст», - қайд мешавад дар маълумот.

Қаблан роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор дошта буд, ки қочоқчиёни маводи нашъаовар хатсайрҳои интиқоли онро тағйир дода, акнун қисмати зиёди маводи манъшуда тариқи хатсайри ҷанубӣ - тавассути Эрон ва Туркия мегузарад.

Ба хариду фурӯши маводи нашъаовар мустақиман бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб шудаанд, ки роҳи камтар хатарноктар аз марзи Афғонистон тариқи кишварҳои Осиёи Марказиро медонанд.