Шаҳрванди 39-солаи Ӯзбекистон Раҳмат Оқилов, ки ба содир намудани амали террористӣ дар шаҳри Стокголм гумонбар дониста мешавад, ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Рӯзномаи Expressen-и Шветсия навиштааст, Раҳмат Оқилов рӯзи ҷумъа боздошт ва иқрор шудааст, ки ӯ автомашинаи боркашро идора мекард ва изҳор доштааст, ки аз кори кардааш розӣ аст.

Раҳмат Оқилов
Expressen

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар Стокголм ду нафар бо гумони анҷоми ҳамлаи террористии 7 апрел боздошт шуда, яке аз боздоштшудаҳо шаҳрванди 39-солаи Ӯзбекистон будааст, ки аз ақидаҳои гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ҳимоят мекардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ҳамла дар маркази Стокголм чаҳор одам: ду шаҳрванди Шветсия, як мард аз Бритониё ва як зан аз Белгия кушта шуд. Даҳ захмӣ то кунун дар бемористон бистарӣ ва вазъи чанде аз онҳо ҷиддист.

Шаби ҷумъа, 7 апрел мошини борбари дуздӣ бо суръати 60 километр дар соат ба қисми пиёдагарди роҳ баромад. Мошини борбар чанд одамро пахш карда, баъдан ба бинои маркази тиҷоратӣ бархурд. Ҳамлагар тавонист, ки аз ҷои ҳодиса фирор кунад.