Филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) дар Тоҷикистон барои фасли зимистон ба қадри зарурӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира намуда, дастаи оташнишонҳоро таъсис дод, иловатан 10 техникаи пуриқтидори замонавӣ ва мошини сӯхторхомӯшкунӣ харидорӣ намуд.
Бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Зеро айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият ва зиндагӣ латма ворид хоҳад гашт.
Бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018” ба тасвиб расида буд.
Ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур омода намудани тамоми соҳаҳо ва шаҳрвандон ба мавсими зимистон маҳсуб ёфта, раванди иҷроаш зери назорати доимӣ қарор дорад. Кормандони филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ ва ҳамаҷониба дидааст.
Дар робита ба қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Директори филиали Ширкат Асомиддин Азизов низ содир шуда, дар ин замина омодагиҳо ба мавсими сармо ҳамаҷониба ва ҷиддӣ мебошанд. Дар навбати аввал таваҷҷуҳ ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву таҷҳизот зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Ҳамрадиф бо ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақаршудаашон ба миқдори зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.
Борҳо таъкид намудем, ки роҳи Душанбе – Чанок барои кишвари мо хеле муҳим маҳсуб шуда, онро ба шараёни асосии хунгард дар ҷисми кишвар низ шабеҳ медонанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дарозии роҳи Душанбе- Чанок 358 километрро ташкил дода, масири он аз 3 нақб (Майхӯра -897 метр, Истиқлол- 4998 метр, Шаҳристон -5253 метр), 24 галерея ва 38 кӯпрук иборат аст. Бо бозсозӣ гардидани роҳи Душанбе -Чанок хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон ва воситаҳои нақлиёт бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдоранд.
Дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи мавриди назар аз авлавиятҳо маҳсуб шуда, давоми ҳафт соли охир бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.
Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст медоданд.
Имрӯз бо шарофати фаъолияти қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиши филиали Ширкат чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор мебошанд.
Бино ба гуфти масъулин, то ин замон барои фаъолият муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон 10550 метри мукааб қум, 1010 тонна намак, 227270 литр сӯзишвори дизелӣ, 66 тонна ангишт, 51,4 метри кубӣ ҳезум ва ба қадри зарурӣ сару либоси зимистонаи махсус барои кормандон захира шуда, ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат - нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.
Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоишро касб намуда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки сол то сол раванди омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ шуда истодааст. Барои мисол, ду сол пеш 7423 метри мукааб қум, 790 тонна намак захира шуда буд. Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони филиали ширкат роҳи Душанбе – Чанок умуман баста набуд.
Мавҷудияти зиёда аз 181 мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд далели возеҳи он аст, ки ширкат дар нигоҳдории роҳ хеле фаъол аст. Маҳз ҳамин техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам оварданд, ки ҳатто рӯзҳои сербориши фасли зимистони солҳои пеш ҳаракати нақлиёт дар роҳ таъмин гардад.
Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, 10 феврали соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардида буд, ки дар он ҳамрадиф бо дигар масъулин, Директори филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддин Азизов ширкат ва суханронӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҳодисаҳои табиӣ дар давоми панҷ соли охир, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ дар пай гузоштаанд, изҳори таассуф карда, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ба рушди иқтисодиёти мамлакат таъсиррасон ва дастгирию кумаки ҳамаҷонибаи аҳолии зарардидаро аз тадбирҳои меҳварӣ ва муҳими сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, сохторҳои дахлдор, аз ҷумла роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тавсеа бахшидани корҳо дар робита ба таъмини бехатарии шаҳрвандон муваззаф намуда буданд.
Дар ин замина, ба наздикӣ филиали Ширкат автомобили махсуси сухторхомӯшкуниро, ки ҷавобгӯйи талаботи замони муосир аст, харидорӣ ва барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ба нақби Шаҳристон сафарбар кард. Автомобили мавриди назар ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, хусусан наҷоти одамон, таъмини амнияту бехатарӣ истифода хоҳад шуд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки автомобили мазкур намунаи навтарину беҳтарини чунин техникаҳо маҳсуб шуда, дар асоси тавсияи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуд. Барои фаъолияти муназзами он бо ибтикори роҳбарияти филиали Ширкат дастаи махсуси оташнишонҳо, иборат аз 15 воҳиди корӣ таъсис ёфта, нигоҳдории даста ва пардохти музди меҳнати аъзои он аз ҷониби филиали Ширкат амалӣ мегардад.
Дастаи мазкур дар нақби «Шаҳристон» мустақар шуда, барои онҳо макони будубош омода шудааст. Роҳбарияти филиали Ширкат муътақиданд, ки бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии мамлакат, хоса вазири корҳои дохилӣ, генерал – лейтенант Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ба филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос ва назари нек дорад, фаъолияти дастаи навтаъсиси оташнишонии марбут ба филиали Ширкат дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ хоҳад шуд
Аз далелу арқоми мазкур бармеояд, ки дар мавсими зимистони имсола низ фаъолияти филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” таври муназзам ва пурмаҳсул сурат гирифта, ҳаракати бемамониати нақлиёт ва амнияти мусофирон таъмин хоҳад гашт.
Маълумоти бештар муфассал доир ба корҳо дар роҳи мошингарди Душанбе - Чанок ва огоҳиҳо барои ронандагон дар сомонаи http://www.irs.tj