Саидмурод Ҳалимов, бародари собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, аз мансабаш дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон истеъфо дод.

Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» тасдиқ намуданд, ки ду моҳ пеш подполковник Саидмурод Ҳалимов аз вазифаааш дар Раёсати зикршудаи Вазорати адлия истеъфо додааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ аз мансабаш бо хоҳиши худ рафтааст, зеро чанде аз хешону наздиконаш дар зиндон қарор доранд.

Айни замон Саидмурод Ҳалимов дар ҷое кор намекунад.

Ёдрас мекунем, ки суди вилояти Хатлон се тан аз пайвандони Гулумурод Ҳалимовро ба иттиҳоми зархаридӣ, кӯшиши ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад ва муқовимат нишон додан ба кормандони милитсия ба муҳлатҳои зиёди зиндон - аз 7 то 18 соли зиндон маҳкум намуд.

Бародарони полковники фирорӣ - Комил Ҳалимов ва Назир Ҳалимов, ҳамчунин ҷиянаш Алӣ Ҳалимов (писари Султонмурод Ҳалимов) шаби 5 июл дар ҷараёни амалиёти махсус аз ҷониби кормандони ВКД дар наздикии деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ ба ҳабс гирифта шуданд.

Боз чор нафари дигар - Султонмурод Ҳалимов ва Фозил Ҳалимов, бародарони собиқ фармондеҳ, ҷиянаш Афзал Абдурашидов ва хеши дури ӯ Наим Раҳмонов муқовимат нишон дода, кушта шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон, пайвандони Гулмурод Ҳалимов ният доштанд, ки дар мавзеи наздикии деҳаи Чубек марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур кунанд. Дар он сӯи марз онҳоро ҷангиёни Давлати исломӣ мунтазир буданд.

Саидмурод Ҳалимов аз моҳи майи соли 2015 дар вазифаҳои гуногун дар дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон кор мекард. Моҳи майи соли 2015 баъди ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастани Гулмурод Ҳалимов, ӯ дарҳол дар бораи истеъфояш ариза медиҳад, лекин раҳбарият арзиаи ӯро рад мекунад.

«Баъди ин ҳодиса, муовини вазири адлия, сардори Сарраёсат Иззатулло Шарифзода маро наздаш даъват намуда, изҳор дошт, ки ҳар кас бояд шахсан ба кирдори содиркардааш ҷавоб гӯяд», - гуфта буд он замон Саидмурод Ҳалимов.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод.

Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд. Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст. Ҳукуматдорон таъҷилан Ҳалимовро ба хиёнат ба давлат муттаҳам карда, тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ эълон карданд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Гулмурод Ҳалимов мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 305 (Хиёнат ба давлат), 187, қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша) ва 401 (Иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Санаи 30 августи соли 2016 ҳукуматдорони ИМА барои маълумот доир ба макони будубоши Ҳалимов 3 млн. доллар мукофотпулӣ эълон карданд. Департаменти давлатӣ ӯро яке аз пешвоёни калидии “Давлати исломӣ” номид.

Дар бораи марги Гулмурод Ҳалимов қаблан низ хабарҳо мунташир шуда буданд. Рӯзи 15 апрели соли равон маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов маълумот дод, вале маълумоти тасдиқи марги ӯро ВКД Тоҷикистон то ҳол нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июни соли равон Суди шаҳри Душанбе Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола, писари Гулмурод Ҳалимовро ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 32 (тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 401 (зархаридӣ) гунаҳкор дониста шуд.

Дар суд зикр карданд, ки Беҳрӯз Ҳалимов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо шиносҳои падараш дар тамос шуда, бо мусоидати онҳо барои пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломӣ ба Ироқ ё Сурия рафтанӣ будааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.