Дар қаламрави панҷ машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон тамринҳои бузургмиқёси маҷмӯавии фаврии тактикӣ ҷараён дорад, ки аз ҷониби Ситоди куллии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташкил шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, тамринҳои низомии мазкур аз 6 март оғоз гардида, то 14 март идома меёбанд.
«Дар он намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, кормандони мақомоти давлатии кишвар, сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия иштирок мекунанд», - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, тамринҳои мазкур бо иштироки наздики 40 ҳазор нафар дар машқгоҳҳои «Лоҳур», «Сумбула», «Момирак», «Ҳарбмайдон» ва «Ҳалқаёр» баргузор гардида, ба онҳо ҳудуди 1 ҳазор адад техникаи зиреҳпӯш, автомобилҳо, артиллерия ва 40 адад технкаи авиатсионӣ сафарбар шудааст.
Ба қавли Маҳмадализода, дар марҳилаи хотимавии тамринҳо ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия ҳузур хоҳанд дошт.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тамринҳо низомиёни Тоҷикистону Русия тарзи амали муштаракро зимни ба вуҷуд омадани хатар дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди омӯзишу таҷриба қарор медиҳанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.