Воқеъияти имрӯза собит сохт, ки алоқаи мобилӣ ва интернет роҳу воситаи асосии ҷалби шаҳрвандон ба сафҳои созмонҳои террористӣ боқӣ мемонанд, изҳор дошт ба «Азия-Плюс» раиси Кумитаи парлумон оид ба масоили мудофиа ва амният, генерал-майор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода.
Ӯ қайд кард, ки ҳамарӯза корбарони шабакаи интернет ва алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои террористӣ ва ифротгаро бо даъвати пайвастан ба онҳо даҳҳо ҳазор паёмаку маълумот мегиранд.
«Истифодаи маълумот аз шабакаи интернет ва алоқаи мобилӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳои марбут ба даъват ба ҳамроҳшавӣ ба сафҳои террористонро боло мебарад», - чунин мешуморад вакил.
Номбурда бар ин назар аст, ки ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на ҳамеша муяссар мешавад, ки маҳз аз кадом пойгоҳи интернетӣ ё телефони алоқаи мобилӣ робита барқарор кардани тоҷикистониёнро бо намояндагони ташкилотҳои террористӣ муайян кунанд.
«Ҳолатҳое буданд, ки террористон аз телефонҳои роҳгузарони тасодуфӣ, шиносҳояшон истифода мекарданд ва ҳама гуна тадбири таҳкими назорат аз болои интернет ва алоқаи мобилӣ, ба бовари ман, масъулиятнокии шаҳрвандонро баланд бардошта, амниятро дар ҷомеа таъмин менамояд», - таъкид дошт вакил.
Зимнан зикр шуд, ки ҷорӣ шудани маблағи пардохт барои симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ нав нест.
«Тибқи маълумоте, ки дорам, чунин таҷриба чанд сол пеш дар Туркия ҷорӣ шуда, дар он ҷо имрӯз барои харидани симкорт ҳудуди 50 доллар маблағ пардохт мекунанд», - илова намуд вакил.
Қобили зикр аст, ки Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши як симкорти ширкатҳои мобилии ҷумҳуриро дар ҳаҷми 250 сомонӣ (26 доллар) муқаррар кард. Ташаббуси ҷорӣ кардани пардохт барои симкортҳо бо ин миқдор маблағ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба хотири таъмини ҳарчи бештари амният пешниҳод шуд.
Рӯзи якшанбе муштариёни ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» тариқи паёмак огоҳ карда шуданд, ки аз 1 сентябр арзиши симкортҳо 250 сомониро ташкил хоҳанд дод. Дубора бақайдгирии симкорт низ ҳамин нархро хоҳад дошт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.