Сарфи назар аз обуҳавои софи ҳозира, дар роҳҳои мошингарди кишвар хатари тармафароӣ ва яхбандӣ боқӣ мемонад.

Дар ағбаҳои кӯҳистон туман фаромада, сатҳи биноӣ (дидашавандагӣ) то 200 метр бад мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистон низ ҳодисаҳои нави тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар давраи аз 25 то 27 январ дар робита ба соф шудани обуҳаво, дар аксари ноҳияҳои кишвар шадидтар шудани сардиҳо пешбинӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳистон шабона поинравии ҳарорат то 15-20 дараҷа хунукӣ, дар ғарби ВМКБ то 20-25 дараҷа хунук, ноҳияҳои шарқи ВМКБ то 31-36 дараҷа (дар Булункӯл то 50 дараҷа хунук) обуҳавои хунук дар назар аст.

Дар аксари ноҳияҳои кӯҳистон обуҳаво рӯзона то 5-10 дараҷа хунук ва дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ то 13-19 дараҷа хунук мешавад.

Пагоҳ, 23 январ дар шаҳри Душанбе обуҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.