Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар шаҳри Довҳаи Давлати Қатар иштирок кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ ӯ изҳор намуд, ки дар минтақаи фарогири Иттиҳод ва умуман дар сайёраи замин ҳам аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоию фарҳангӣ рўйдодҳое ба вуқўъ пайвастанд, ки аксарияти кулли кишварҳои аъзои Иттиҳоди байнипарламентӣ аз ин воқеаҳо дар канор намондаанд.

“Мутаассифона, минтақаи фароху доманадори фаъолияти Иттиҳоди мо имрўз ба яке аз марказҳои даргирии шадиду авҷи бесобиқаи нангинтарин падидаҳои ҷаҳони муосир – терроризми байналмилалӣ, зўровариву экстремизм мубаддал гаштааст”, - гуфт ӯ.

Зуҳуров қайд кард, ки воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн карда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрўз ба асосҳои бунёдии низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибатҳои байналмилалӣ таъсиргузор мегарданд.

“Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ феълан ба хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад, - иброз дошт ӯ. - Возеҳ аст, ки ягон давлати дунёно вобаста аз ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва тавонмандиҳои ҳарбию низомияш наметавонад ба танҳоӣ дар рў ба рўи хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ намояд. Аз ин рў, мубориза алайҳи падидаҳои зикргардида аз ҳамаи мо– тасвибгарон ва ҳимояткунандагони низоми қонунии кишварҳо андешидани тадбирҳои ҷиддӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро дар ин ҷода шадидан тақозо мекунад”.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Тоҷикистон дар баробари давлатҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ аз рўи мавқеи ҷуғрофияш хатари терроризмро ба амнияти миллии худ бештар эҳсос менамояд.

“Вазъи ногувору давомдори ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя вазъро ҳассос намудааст. Аз ҷониби дигар роҳ ёфтани террористони созмони ба ном «Давлати исломӣ» ба Афғонистон ва амалӣ шудани шаклҳои гуногуни ҷинояткории фаромиллӣ: гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, одамрабоӣ, савдову қочоқи силоҳ, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории созмонҳои ҷиноятпеша ҳисобида мешаванд масъаларо боз ҳам мураккаб месозад”, - қайд кард Зуҳуров.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зикр кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

“Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ва пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем”, - таъкид дошт Шукурҷон Зуҳуров.