Шаҳрвандони Қирғизистон, сокинони қаламравҳои баҳсии деҳаи Хоҷаи Аъло дар сарҳади Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя мухолифи таъмири роҳи 45-километра байни шаҳри Исфара ва Ворух дар қаламрави Қирғизистон садо баланд карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара хабар дод, дар дигар қитъаҳои роҳ корҳо мувофиқи ҷадвал чараён дошта, дар қитъае, ки тариқи деҳаи Хоҷаи Аъло мегузарад, баҳри таъмини бехатарии роҳсозон ва эмин нигоҳ доштани техника корҳо боздошта шудааст, зеро қирғизҳо ба он монеъа эҷод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки вазъ дар қитъаи ноҳияи Ботканди марзи Тоҷикистону Қирғизистон амну босубот аст.

Дар Хадамот шарҳ додаанд, ки рӯзи 18 июн дар маҳаллаи аҳолинишини Тош-Тумшуқи ноҳияи Ботканд ҷониби Тоҷикистон дар қитъаи мувофиқанашудаи сарҳад дар роҳи истифодаи умумии Исфара-Оқсой-Ворух бидуни созиш бо ҷониби Қирғизистон корҳои асфалтхобониро оғоз кардааст, хабар медиҳад АКИпресс.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон гайриқонунӣ роҳи истифодаи умумиро аз соати 20:00 то 21:20 дақиқа баста, талаботи дастаи марзбоноро дар бораи қатъи корҳо ва кушодани роҳ нодида гирифтанд, ки ба муноқишаи хурд боис гардид”, - омадааст дар хабар.

Роҳи Ворух - Исфара
rfe/rl.org

Баъди вохӯрии намояндагони мақомоти сарҳадбонии кишварҳо корҳои роҳсозӣ ба таваққуф гузошта шуданд Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар суҳбат бо аҳолии минтақаи наздимарзӣ вазъро шарҳу тавзеҳ доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва ҳифзи Ҳҳқуқи Тоҷикистону Қирғизистон имрз, 19 июн низ идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 13-14 март сурат гирифта, бар асари он 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон низ захмӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ, ки рӯзҳои 5-6 апрел дар шаҳри Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар бораи минбаъд роҳ надодан ба иғвогариҳо дар сарҳад ба мувофиқа расиданд.

Ҳамон вақт қарор шуда буд, ки байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.