Байни Тоҷикистону Чин бо хатсайри ҳавоии Душанбе-Урумчи дар як ҳафта 4 парвоз анҷом дода мешуд. Онҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймолии “Сомон Эйр” ва аз ҷониби Чин ширкати “South China Airlines” ҳар кадом ду парвозӣ иҷро мекарданд.
Имрӯз маълум шуд, ки “Сомон Эйр” парвозҳояшро бо хатсайри Душанбе-Урумчи то 4-уми феврал ва аз Урумчи ба Душанбе то 5-уми феврал мутаваққиф сохтааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамасола дар ин мавсим бинобар сабаби ҷашни Соли нав дар Чин, ширкат парвозҳо ба самти ин кишварро анҷом намедод.
Дар дафтари матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар доданд, ки аз ҷониби ширкати “South China Airlines” низ парвозҳои ҳафтаина бо ду хатсайр ба Урумчи ва парвозҳо ба Тоҷикистон то моҳи феврал боздошта шудааст.
“Алҳол дақиқ намедонем, ки парвозҳо бо чӣ сабаб мавқуф гузошта шудаанд – хуруҷи коронавирус ё ҷашни Соли нав, ки дар Чин 25-уми январ таҷлил мегардад”, - қайд карданд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.
Ҳамзамон зикр шуд, ки парвози ҳавопаймои хатсайри Урумчи-Тоҷикистон, ки бояд 25-уми январ сурат мегирифт, низ бекор карда шудааст.
Қаблан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳамчун мақоми ваколатдор бо ирсоли мактуби расмӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дархост кард, ки то муътадил шудани вазъият сафарҳои корӣ ва сайёҳиву тиҷории шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Чин маҳдуд кунанд.
Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд, тамоми маълумот дар бораашон сабт карда шуда, онҳоро аз муоинаи тиббӣ гузаронанд ва таҳти назорат қарор диҳанд.
Ин ҷо бароятон кортҳоро омода кардем, ки аз онҳо ба ҳама гуна суолҳои вобаста ба коронавирус посух дарёфт карда метавонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Саудовская Аравия требует сертификат о вакцинации против менингита от путешественников. Где привиться в Таджикистане?
Сречко Катанец покинул пост тренера сборной Узбекистана по футболу
Банк «Эсхата» запускает для своих клиентов Google Pay
Прокуроры 22 штатов оспорили в суде указ Трампа об ограничении получения гражданства США по праву рождения
Парламент Ирака практически легализовал детские браки, расширив полномочия исламских судов
Лавина на трассе Душанбе-Чанак накрыла семью с маленьким ребёнком. Их спасли очевидцы ЧП
Таджикистан отправил гуманитарную помощь населению Газы
Узбекистан и Россия подписали программу стратегического партнерства в сфере обороны до 2030 года
На черноморское побережье – новые выбросы мазута из затонувших танкеров. Уже погибли тысячи птиц, отравлена морская фауна
Казахстан построит три новых аэропорта в курортных зонах
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста