Дар робита ба афзоиши шумори шахсони сироятёфта аз коронавирус дар Тоҷикистон, назорати сарҳади байни Қирғизистону Тоҷикистон пурзӯр карда шуд. Дар ин бора хабаргузории 24.kg бо истинод ба муовини сарвазири Қирғизистон Акрам Мадумаров хабар медиҳад.

“Аз ҳамаи ноҳияҳои наздисарҳадӣ боздид кардам. Шумори сарҳадбононро зиёд кардем, нисбат ба замони осоишта имрӯз ҳарбиён дар сарҳад зиёдтаранд. Мо назоратро пурзӯр мекунем, Тоҷикистон ҳам аз ҷониби худ тақвият медиҳад. Агар лозим ояд, боз тадбирҳои иловагӣ меандешем”, - гуфтааст ӯ рӯзи 6-уми май дар ҷаласаи Жогорку Кенеш.

Тавре хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад, дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамаи шахсони аз Тоҷикистон баргаштаро ба карантин мефиристанд.

“Аз Тоҷикистон 27 нафар донишҷӯён баргаштанд. Ҳамаи онҳо дар карантин қарор доранд”, - гуфтаанд ба хабаргузорӣ дар дастгоҳи ҳукумати вилоят.

То 7-уми май дар Қирғизистон расман 895 ҳолати сирояти коронавирус сабт шудааст. Аз ин шумор 637 нафар шифо ёфта, 12 нафар фавтидаанд.

Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ, то 6-уми май шумори сироятёфтагон аз коронавирус ба 379 нафар расида, 8 нафар вафот кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.