Порлумони Тоҷикистон созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоиро ба тасвиб расонид. Вакилони тоҷик дар ҷаласаи имрӯз, 8-уми декабри порлмуон ба ҷонибдории ин созишнома райъ доданд.
Ҷузъиёти ин созишномаро барои вакилон вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо шарҳ дода гуфт, татбиқи созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки қувва ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Русия дар таъмини амнияти фазои ҳавои Тоҷикистон иштирок намоянд.
Ӯ қабули созишномаро ба болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ба миён омадани шаклҳои нави пешбурди амалиётҳои ҷангӣ, аз ҷумла истифодати васеи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷониби гурӯҳҳои экстримистиву террористӣ ва таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар маънидод намуд.
- Татбиқи созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки қувва ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Русия дар таъмини амнияти фазои ҳавои Тоҷикистон иштирок намуда, инчунин кадрҳои самти пешбурд навбатдории ҷангиро бо истифода аз техникаҳои ҳозиразамони соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ бе хароҷоти маблағҳои иловагӣ аз худ намоянд. Ин иқдом барои таҳкими минбаъдаи дурнамои соҳаи мудофиаи зиддиҳавоии кишвар аз лиҳози иқтисодиву молиявӣ манфиатовар мебошад,- гуфт Шералӣ Мирзо.
Номбурда зикр кард, ки дар доираи созишнома омӯзиш, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва пешбурди навбатдории ҷангӣ бо техникаи ҳозиразамони соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ хароҷоти маблағҳои зиёдро талаб менамояд.
Аммо вазир аз ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар мавриди шарту шароити иҷрои созишнома, маблағгузорӣ ва бунёди пойгоҳ ба далели махфӣ ва сири низомӣ будани он худдорӣ кард.
Ин созишнома 27-уми апрели соли 2021 дар Душанбе ба имзо расида буд, ва чанде пештар ҳукумати Русия ҳам онро пазируфт ва порлумони ин кишвар низ ба тасвиб расонид.
Дар бораи лоиҳаи ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон бори аввал 27 апрел вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳори назар карда буд. Ба гуфтаи ӯ, созишнома бо мақсади беҳбуди самаранокии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.
Дар ин санад зикр мегардад, ки ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки ҷузъу томҳои Низоми минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро сарфармондеҳи Неруҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия амалӣ месозад. Ҳайти шахсӣ зери раҳбарии фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия қарор гирифта, идоракунии амалиёти муштараки ҷузъу томҳо дар сарҳадҳои қитъаҳои ҷудогонаи амнияти дастаҷамъӣ ба дӯши фармондеҳи нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоии Тоҷикистон вогузор мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз ҳудуди ин кишвар - пойгоҳи низомии 201-ум мустақар аст. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 имзошуда, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Путин назвал Россию крупнейшим экономическим партнером Казахстана
В Китае экс-главу Bank of China приговорили к смертной казни за взятки
Байден сообщил, что Израиль и «Хезбалла» договорились о перемирии
Чемпион Таджикистана потерпел очередное поражение в азиатской Лиге чемпионов-2
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 ноября 2024 года
Подборка платформ, где вы можете учиться из дома на русском, таджикском и английском
Суд продлил арест еще трем фигурантам дела о теракте в "Крокусе", этапированным из Дагестана
В Пакистане произошли столкновения между полицией и сторонниками Имрана Хана
Как школьникам Таджикистана попасть в американскую программу Camp Rising Sun
Глава ВТБ: Без мигрантов экономика России не будет дышать
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста