Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу пас аз дидору гуфтушунид бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки Русия ва Тоҷикистон Низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд.

Тавре Интерфакс хабар медиҳад, ҷиҳати беҳбуди этимоднокии ҳифзи сарҳад дар фазо ҷонибҳо лоиҳаи созишнома дар бораи таъсиси Низоми муттаҳидаи минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро таҳия намуданд, иброз доштааст Шойгу. ва илова намудааст, ки "пешниҳод мекунам, ки дар фарҷоми вохӯрӣ созишномаи мазкур ба имзо расонида шавад”.

Ӯ ҳамчунин намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро ба Конфронси 9-ум оид ба амнияти байнулмилалӣ, Форуми байнулмилалии ҳарбӣ-техникӣ ва Бозиҳои байнулмилалии артиш даъват намуд.

Шойгу хабар дод, ки Русия ба зиёд кардани шумори хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон барои таҳсил дар мактабҳои олии ҳарбии Русия омода буда, воҳидҳои низомии кишварро дар тамринҳои стратегии “Запад-2021” интизор аст.

“Дар доираи СААД баргузории якчанд тамринҳо дар назар буда, моҳи сентябр воҳидҳои ҳарбии Тоҷикистонро дар тамринҳои низомии муштараки “Запад-2021” мунтазирем”, - иброз доштааст вазири мудофиаи Русия.

Ӯ зикр кардааст, ки Русия баҳри таҳқими иқтидори ҷангии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷумҳуриро бо муҳимоту ҷангиву техника таъмин карда, дар макотиби олии ҳарбии Русия барои артиши Тоҷикистон кадрҳои ҳирфаӣ тайёр мекунад.

“Айни замон зиёда аз 500 нафар хизматчии ҳарбии шумо дар муассисаҳои мо таҳсил карда, дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳамасола то 1 ҳазор мутахассисон аз давраҳои омодагӣ мегузаранд. Ба зиёд кардани ҳам таҳсилкунандагону ҳам ихтисосҳо омодаем”, - изҳор доштааст Сергей Шойгу.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.