Бахши аввали мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаи марзии Борбордуки кишвари ҳамсоя, дар ҳудуди гузаргоҳҳои сарҳадии "Кулунду" ва "Овчи-қалъача" бо тавофуқ ба пас кашидани неруҳо аз хати марз ва созишҳои дигар бахши амниятву кишоварзӣ ба поён расид. Ин мулоқот, имрӯз, 13-уми апрел сурат гирифт.
Бахши дигари мулоқот то баъд аз зуҳри имрӯз давом мекунад ва дар назар аст, ки дар хатми он як протокол бар пайи гуфтушунидҳо ба имзо бирасад.
Дар ин мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон, фармондеҳи Неруҳои марзбонии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва аз сӯйи Қирғизистон фармондеҳи Хадамоти марзбонии КДАМ Уларбек Шаршеев, раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо ва раисони ноҳияҳои наздисарҳадӣ ширкат доштанд.
Ҷонибҳо бар пайи баррасӣ кардани тирпаронии шаби гузашта, ба тавофуқ расиданд, ки неруҳоро аз хатти марз ба маҳалли будубошашон пас мекашанд ва сабабу омилҳои ҳодисаи дирӯза пурра омӯхта мешавад.
Вале Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳабти бидуни микрофон ба рӯзноманигорон гуфт, ки сабаби ҳодисаи дирӯза ин нофаҳми байни ду нафар марзбони тоҷику қирғиз аст. Вале ҷузъиёт надод, ки чи нофаҳмӣ. Танҳо гуфт муноқиша бар сари муаммои об набуд, балки нофаҳмии ду марзбон буд".
Дар ин ҳодиса аз ҳар ду ҷониб, якнафарӣ марзбон маҷруҳ шудааст, дар мавриди вазъи сиҳатии онҳо чизе гуфта нашуд.
Ҳамчунин дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд мегӯяд, ки дар ин мулоқот "роҳбарони идораҳои хоҷагии об ва замини вилоятҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ тақвият бахшида, бо назардошти манфиати тарафҳо аз захираҳои обии минтақа якҷо ва самаранок истифода намоянд".
Ҳодисаи типаронии дирӯз, миёнҳои соатҳои 18-19 рух додааст. Дар натиҷаи даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз бино ба иттилои муқаддамотӣ чанд нафар марзбон аз ду тараф захм бардоштаанд.
Бино ба иттилои расида бар асари тирпарронии бегоҳии 12-уми апрел дар марзи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз ду ҷониб чанд нафар захмӣ шудаанд. Аммо вазъи захмишудагонро то кунун мақомоти расмии ду тараф шарҳ надодаанд.
Радиои "Озодӣ" бо такя ба манобеъи худ хабар дод, ки дар натиҷаи тирпаронӣ як сарбози тоҷик захмӣ шуда, дар бемористон бистари шудааст. Манбаъ гуфтааст, дар тирпарронии шоми сешанбе сержант, Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, маҷруҳ шудааст. "Вай аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст. Ҳоло дар ҷарроҳӣ аст ва вазъаш вахим аст"-гуфтаст, манбаи "Озодӣ".
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Литва, Латвия и Польша решили выйти из Оттавской конвенции о запрете противопехотных мин
Легенда таджикского футбола Мухсин Мухаммадиев перенес инсульт
Таджикистанка стала победительницей конкурса «Науруз Гузэле 2025» в Татарстане
Есть куда расти. Что даст таджикской экономике открытие границы с Кыргызстаном?
Арестованного мэра Стамбула выдвинули кандидатом в президенты Турции
Труппа таджикского театра оперы и балета отправилась на гастроли в Париж
Какие пособия выплачиваются малоимущим семьям в Таджикистане?
В Душанбе таксиста наказали после жалобы иранских туристов
Бокс вернули на Олимпиаду-2028. Но для Таджикистана есть нюанс
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 марта 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста