Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини сарҳади давлатии байни кишварҳо баргузор шуд.
Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 11,88 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд.
“Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд”, - омаааст дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар як вохӯрии дигари гурӯҳҳои корӣ оид ба муайян ва аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон 47,05 километри марз байни ду кишвар мувофиқа шуда буд.
Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва демаркасияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро ҷоннок карда, пайваста ҷаласаҳо баргузор карданд. Танҳо дар се моҳи охир ҳудуди 150 км марзи давлатии ду ҷониб мувофиқа карда шуд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи қаблӣ гурӯҳҳои корӣ дар мавриди 24 километр марзи миёни ду кишвар ба мувофиқа расида буданд.
Дар ин робита Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.
Дар мулоқоти рӯзи 1-уми декабри соли равон Ятимов ва Тошиев изҳор дошта буданд, ки дар ду масъалаи асосӣ, истифодаи роҳи Ворух - Хоҷаи Аъло ва обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, ба созиши усулӣ расиданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки дар масъалаи истифодаи замин ва иншооти дар қаламрави якдигарқарордошта ба мувофиқа расиданд.
Дарозии умумии сарҳади ду кишвар тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.
Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.