Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, хоки Туркия барои нафароне, ки ба амнияти Тоҷикистон хатар доранд, паногоҳ нест ва ин кишвар чунин шахсонро аз хокаш ихроҷ мекунад.
Ӯ ин нуктаро имрӯз, 15-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин гуна Тоҷикистон ҳам ҳассосиятҳои ҷониби Туркияро ба назар мегирад.
“Дар ҳолатҳои лозима мақомоти марбута, маълумоти лозимиро ба мо ҳам медиҳанд ва мо шаҳрвандро аз кишвар хориҷ мекунем, Тоҷикистон ҳам ин корро мекунад.” – гуфт Умут Аҷар.
Номбурда афзуд, мақомоти амниятии ду кишвар дар масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкориҳои зич доранд ва дар ин масъала байни ду кишвар табодули назар вуҷуд дорад.
Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, соли равон Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури кишврааш ба Тоҷикистон меояд.
Бояд гуфт, ки Туркия дар солҳои охир масири аслии пайвастани садҳо ҷавони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ буд. Дар гузашта мақомоти тоҷик хабар дода буданд, ки Туркия ҷавонони тоҷики узви ДОИШ-ро боздошт ва ба Тоҷикистон супурдааст, вале то кунун ҳеҷ хабаре аз истирдоди фаъолони сиёсӣ нашр нашудааст.
Аз ҷумла, соли 2019 Туркия 21 гумонбари узвият ба ДОИШ-ро ба Тоҷикистон истирдод карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Тукрия макони бархе аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аз ҷумла, соли 2015 Умаралӣ Қувватов, бунёдгузори “Гурӯҳи 24” (ҳаракате, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, муаллиф) дар Туркия кушта шуд, вале бо ин вуҷуд, даҳҳо тарафдораш, аз ҷумла раҳбари ин созмон дар ин кишвар монданд. Нафареро дар робита ба куштори Қувватов боздошту зиндонӣ карда буданд.
Истирдоди Парвиз Саидраҳмонов, яке аз таблиғгарони гурӯҳи тундрави ДОИШ бо лақаби “Абу Довуд” аз мисоли охири истирдоди тоҷикон аз ин кишвар аст, ки мақомоти Туркия моҳи октябри соли 2022 ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш ба Тоҷикистон доданд. Абу Довуд дар Тоҷикистон 21 сол равонаи зиндон шуд.
Ӯ ба терроризму одамкушӣ, гаравгонгирӣ, ҷалб ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ташкилу раҳбарии созмони террористӣ гумонбар буд.
Дар навбати худ Тоҷикистон ҳам чанде аз мухолифини ҳукумати имрӯзҳаи Туркияро дар Душанбе боздошт ва ба Туркия супорид. Аз ҷумла, дар чаҳор моҳи соли 2023 ду шаҳрванди Туркия дар Душанбе рабуда ва дар шароити мармуз ба ватанашон фиристода шудаанд.
Корай Вурал, мудири пешини яке аз мактабҳои наздик ба рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен, ба гуфтаи наздиконаш, 16-уми сентябр аз сӯи шахсони ношинос рабуда ва як рӯз баъд ба Туркия бурда шуд.
Эмсал Коч, мудири собиқи маркази "Диалог" дар Душанбе, моҳи июли соли гузашта дар Душанбе рабуда, дертар дар яке аз боздоштгоҳҳои Туркия аз худ дарак дод.
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
В Магдебурге автомобиль въехал в толпу людей на рождественской ярмарке
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста