Пас аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”, шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Русия бо бадбинӣ ва таҳдидҳо дучор шуда, кормандони сохторҳои қудратӣ тафтиши афрод бо “симои шарқӣ”-ро пурзӯр карданд.
Мардум аз сафар бо таксӣ бо ронандагон аз Тоҷикистон худдорӣ намуда, роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ба ҳамватанони худ тавсия медиҳанд, ки шомгоҳон аз хонаҳояшон берун нашаванд. Медуза чанд мисолеро дар бораи вокуниши русҳо ба ҳамлаи террористӣ ва хабари гумонбар шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамла ба “Крокус” ҷамъоварӣ кардааст.
Таҳдидҳо ба кормандони барбершоп
Як рӯз пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ному насаби гумонбарон пайдо шуд, ки нерӯҳои амниятӣ онҳоро дар роҳ ба сӯи марзи Русияву Украина дар вилояти Брянск боздошт кардаанд. Яке аз онҳо Муҳаммадсобир Файзови 19-сола, тавре маълум шуд, чанд моҳ дар барбершоп (сартарошхона барои мардон)-и «Площадка»-и шаҳри Тейковои вилояти Иваново кор кардааст. Сокинони маҳаллӣ аз ин хабар ёфта, ба маъмури кошона (салон) ва устоҳо таҳдид кардаанд.
Дар скриншотҳое, ки Телеграм-канали Baza нашр кардааст, корбарон пешниҳод мекунанд, ки дастаҷамъона ба “ин барбершоп” оянд ва менависанд, ки хонаҳои коргаронро ёфта, оташ мезананд. Мушаххас нест, ки ин шарҳҳо дар куҷо нашр шудааст (суроға ва санаи таъсиси саҳифаи барбершоп дигар аст). Эҳтимол, онҳоро дар саҳифаи ғайрирасмии барбершоп дар “ВКонтакте” навишта бошанд, аммо ҳоло онҳо дар он ҷо нестанд.
Бо вуҷуди ин, дар саҳифаи расмии барбершоп рӯзи 23 март дар бораи "нафрати ваҳшиёна” нисбат ба ин кошона навишта пайдо шуд.
"Онҳо ба маъмур ва устоҳо занг зада таҳдид мекунанд, одамон баҳои бад медиҳанд ва шарҳҳои даҳшатнок менависанд", - гуфта мешуд дар хабар.
Кормандони барбершоп иддао доранд, ки Файзов чанд ҳафта дар салон кор мекард ва аз моҳи ноябри соли 2023 аз давраи озмоишӣ мегузашт ва баъд аз ин онҳо бо ӯ дар тамос набуданд. Баъдтар ин навишта хориҷ ва дастнорас шуд.
Директори корхона Ямина Сафиева ба хабаргузории «Московский комсомолец» гуфтааст, ба телефонҳои роҳбарон доимо занг зада, таҳдид мекунанд.
«Одамон марги моро хоста, ба ман занг мезананд. Ман ҳомиладорам, намедонам чӣ кор кунам. Метарсам, ки берун равам ”, - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, кормандон дар нисбати Файзов ҳеҷ чизи шубҳанокро мушоҳида накардаанд. Ба хабарнигори РИА Новости вақти боздид аз барбершоп рӯзи 25 март гуфтаанд, ки кормандонро барои нишондод гирифтан бурдаанд (Сафиева низ дар ин бора сухан гуфтааст).
"Агар ту тоҷик бошӣ, ба мошинат намешинам"
Тавре нашрияи маҳаллии Itʼs My City менависад, дар Екатеринбург кормадони бозрасӣ (патрулҳо) ба боздошти мардони "симои шарқӣ" шурӯъ карда, маъмурияти яке аз марказҳои тиҷоратӣ аз иҷорагиронаш дархост намудааст, ки дар бораи коргаронашон аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон маълумот диҳанд.
Илова бар ин, бархе аз корбарони хадамоти таксӣ аз сафар бо ронандагон аз Тоҷикистон даст кашидаанд.
Шабакаҳои Teлеграм ва саҳифаҳои оммавӣ скриншотҳоеро нашр мекунанд, ки дар он одамон дар замимаҳо ба ронандагон менависанд, ки агар аз Тоҷикистон бошанд, фармоишро бекор кунанд.
Ба иттилои шабакаи телеграми Baza, сарони диаспораҳои тоҷикон ба ҳамватанони худ тавсия додаанд, ки шомгоҳон пас аз кор аз хонаҳояшон берун нараванд ва дар чорабиниҳои оммавӣ иштирок накунанд. Бархе аз корфармоён, ба навиштаи шабакаи телеграмм, аз коргарони худ аз Тоҷикистон хостаанд, ки маълумоти ҳозираи шахсии худро пешниҳод кунанд: ному насаб, тафсилоти шиноснома ва маълумот дар бораи маҳалли зист.
Модел ва блогнависи тоҷик Дина Саева муроҷиатномаеро сабт карда, дар он ҳамватанони худро дастгирӣ кардааст.
«Мо ҳама бояд дар муқобили терроризм муттаҳид шавем, на муқобили миллате дар симои ҳамватанони ман. Миллионҳо тоҷик дар ин амали хушунат, ки ҳеҷ сафедкуние надорад, гунаҳкор нестанд”, - мегӯяд Саева.
Вакили Думаи давлатӣ Константин Затулин гуфтааст, афроде, ки пас аз ҳамлаи террористӣ ба саркӯбии оммавӣ ва худсарона ҷазодиҳӣ даъват мекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, зеро онҳо аслан “барангехтани бесуботӣ дар дохили кишвар”-ро таҳрик медиҳанд”. Ба ақидаи ӯ, мубориза бо муҳоҷирон дар ин шакл “ногузир ба бадтар шудани вазъият оварда мерасонад”.