Хабари ҳамлаи террористӣ дар Маскав ва дар пайи он, боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони иҷрои ин амал, ҷомеаи кишварро ба даҳшат овард. Айни ҳол ангушти иттиҳом ба сӯйи “ДОИШ-Хуросон” аст, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошад.

Ин гурӯҳ то куҷо қавӣ асту ҳадафаш чист ва оё он метавонанд маҳз бо Тоҷикистон даъвое дошта бошад?

Кӯшиш кардем ба ин саволҳо аз коршиноси бахши муқовимат бо ифротгароии хушунатомез Рустам Азизӣ посух пайдо кунем.

Рустам Азизӣ

 

“ДОИШ-Хуросон” чист?

“ДОИШ-Хуросон” ё худ “ДОИШ-Вилояти Хуросон” бо вуҷуди иртибот бо ДОИШ як ниҳоди маҳаллӣ аст. Эҳтимол ин на духтар ё хоҳари ДОИШ-и аслӣ аз Ироқу Сурия, балки духтархонд ё хоҳари нотанӣ бошад.

Ин ниҳод аз ҳисоби гурӯҳҳои тундрави маҳаллии марбут ба “Ал-Қоида” ё созмонҳои дигари ифротгаро, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, ташкил шудааст.

Бахшҳои “Толибон”-и Покистон, “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ба он замина гузоштанд. Бархе аз ҷангиёни ин гурӯҳҳо ба ДОИШ ва Абӯбакри Бағдодӣ (асосгузор ва роҳбари ДОИШ, ки соли 2019 кушта шуд. - идора) байъат карданд, ки дар натиҷа як ҳаракати маъруф ба Хуросон ба вуҷуд омад. Баъдтар он расман намояндагии ДОИШ дар Хуросон шуд.

Бо сабаби он ки дар заминаи гурӯҳҳои ифротии маҳаллӣ таъсис ёфт, усулҳои онҳо идомаи анъанаи ифротгароёни маҳаллӣ гардид. Вақте ДОИШ дар Ироқу Сурия маҳв шуд, бархе аз аъзои он, бахусус мақомҳои баланди он, ба Афғонистон кӯчиданд. Бино ба маълумоти Маркази зиддитеррористии СММ, онҳо тақрибан 70 нафаранд, илова бар он бо дигар афрод метавонанд то 100 кас бошанд, аз ин рӯ, ҳарчанд онҳо асоси ҷангиёнро ташкил накунанд ҳам, вале аз лиҳози сохторӣ дар бозсозии “ДОИШ-Хуросон” таъсири хеле қавӣ доштанд.

Яъне, ба он бархе аз усулҳои ДОИШ-и Ховари Миёна, аз қабили таъсиси ҳалқаҳои хуфта, роҳандозии амалҳои террористӣ ва амсоли инҳо дохил шуданд.

Асоси ДОИШ-Хуросон аз кадрҳои маҳаллӣ, асосан паштунҳои покистонӣ ва афғонистонӣ, тоҷикон, ӯзбеку уйғурҳо ва узви гурӯҳҳои мухталиф аст, ки ба Толибон марбут нестанд, мебошад. Онҳо ба сафи неруи дуюми муҳимтар, яъне “ДОИШ-Вилояти Хуросон” гузаштанд.

Тоҷикони маҳаллӣ асосан аз тоҷикони афғонистонӣ иборат буда, тоҷикони тоҷикистонӣ мавқеи муҳим надоранд. Аммо бархе аз тоҷикони афғонистонӣ мавқеъ ва нуфузи муайяне доранд. Масалан, Муъовияи Панҷшерӣ дар урдугоҳҳои таълимии онҳо дастурдиҳанда аст.

Ахиран дар бораи робитаи тоҷикон бо "ДОИШ-Хуросон" зиёд ҳарф мезананд. Ин шояд ба мавқеъгирии Тоҷикистон нисбати “Толибон” марбут бошад. Дар ин ҷо “Толибон” ва дигар бозигарон мехоҳанд аз рӯи принсипи “интихоб аз миёни ду бад” бозӣ кунанд, ки дар он “Толибон” бад, аммо ДОИШ бадтар аст. Ин ба Толибон имкони таблиғи худ ва бозиву ҷалби таваҷҷуҳро фароҳам меорад.


Қобили зикр аст, ки як қатор ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон ё Эрон тавассути қаламрави зери назорати “Толибон” дар Афғонистон сурат гирифтаанд. “Толибон” ба ин ё дахолат накарданд ва ё ҳатто мусоидат намуданд.

Акнун “ДОИШ-Хуросон” тактикаи худро дигар кардааст. Ин тақрибан аз соли 2019 оғоз шуд. Он бештар ба кори онлайн гузашт, яъне ба таблиғот дар фазои иттилоотӣ, ҷалби кадрҳои нав ва мутаносибан ба таъсиси ба истилоҳ гурӯҳҳои дохилӣ дар кишварҳои гуногун - ҳам дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам дар давлатҳое, ки дар онҳо намояндагии бузурги зодагони Афғонистон ва  Осиёи Марказӣ ҳузур доранд, дар кишварҳои Аврупо, Эрон, Туркия, инчунин Русия.

Дар ин кишварҳо ҷамъиятҳо ва ҳамватанони зиёд доранд. Дар натиҷа ҳалқаҳои хуфта ё худ бозистода, ки ҳангоми зарурат истифода мешаванд, ба вуҷуд меоянд. Ин, албатта, асос набуда, маводи хароҷотӣ аст, аммо барои онҳо як стратегияи хеле муассир барои аз худ дарак додан дар заминаи таҳдидҳои террористӣ мебошад.

 

Оё Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳарос дошта бошанд?

Бале, бешубҳа. Албатта, дар асл “ДОИШ-Хуросон” ба эҳтимоли зиёд ошкоро ба марзҳо ҳамла нахоҳанд кард ва чунин ҷанги густурдае ба  мисли Сурия ва Эрон роҳандозӣ намекунанд: аввалан, ба далели надоштани захираҳо ва сониян, ба далели он ки баръакси Сурия ва Ироқи он замон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз устувору пойдоранд. Гузашта аз ин, сарҳад ҳам ба таври кофӣ ҷиддӣ назорат мешавад.

Ҳарчанд мехоҳанд “бимиранду ба биҳишт” раванд, лекин ба ҳар ҳол, ба таъхир андохтани ин лаҳза хубтар аст. Мутаносибан, онҳо метавонанд аз тактикаи ба истилоҳ ҳалқаҳои хуфта кор гиранд, ки бо истифода аз Интернет, робитаҳои шахсӣ, махсусан дар муҳоҷират, тавассути ҷамъиятҳои ҳамдиёрон ва диаспораҳо ташкил карда мешаванд.

Чунин гурӯҳҳоро муддати тӯлонӣ нигоҳ намедоранд, зеро онҳо метавонанд ошкор шаванд ва ин хавфноку серхарҷ аст. Аз ин рӯ, чунин гурӯҳҳо зуд таъсис ёфта, инчунин бидуни нигоҳдории дарозмуддат, тез истифода мешаванд. Бо ин сабаб онҳоро метавон як навъ “фастфуд (тезтайёр)-и террористӣ” номид.

Дар заминаи таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ маҳз онҳо лоиқи тарсанд, зеро таҷрибаи тамоми ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳифзи комили худ аз онҳо ғайриимкон аст. Ҳама, ҳатто хадамоти махсуси пешрафтатарин низ ба хатогиҳо роҳ медиҳанд. Ва азбаски назорати ҳар як метр ва ҳар як шахс ғайриимкон аст, таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ ҳамеша рӯзмарра аст.

Метавон гуфт, ки ин хатари воқеист, ҳарчанд на он қадр зиёд, вале имконпазир.

 

Онҳо метавонанд маҳз нисбати Тоҷикистон даъво дошта бошанд?

 

Бале, аз лаҳзаи таъсиси ДОИШ ҷангиёни тоҷики ин гурӯҳ аллакай ба Тоҷикистон таҳдид карда буданд. Айни замон пайвастани аъзои нав аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бештар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад. Мутаносибан, ин масолеҳи бештар мувофиқ барои «истифода» дар кишварҳои онҳо мебошад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки тез-тез зикр кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми таҳдидҳои “ДОИШ-Хуросон” ба фоидаи “Толибон” буда, ба онҳо ҷиҳати интиқод аз мавқеъи Тоҷикистон бартарият медиҳад.


 

“ДОИШ-Хуросон” чӣ гуна идеология ва ҳадафҳо дорад?

Онҳо идомаи гурӯҳҳои маҳаллии ифротӣ аз Афғонистон ҳам дар қисмати шимол ва ҳам шарқи кишвар мебошанд, ки дар он ҷо гурӯҳҳои гуногуни этникии исломӣ ва ғайра ҷамъ омадаанд. Миёни онҳо уйғурҳо, тоҷикону ӯзбекҳо ва ҳамчунин паштунҳои маҳаллӣ ҳузур доранд.

Ҳадафи асосии умумии онҳо барпо кардани давлат аз рӯи қонунҳои шариат аст.

Аммо ҳукуматдорӣ аз рӯи қонунҳои шариат дар фаҳмиши онҳо аз он чизе, ки қабл аз Толибон буд, фарқ мекунад. Масалан, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расман ба ин ё он гунае ҷумҳурии исломӣ ном дошт ва аз рӯи шариат идора мешуд, ҳоло (Толибон) худро Аморати Исломӣ эълон кардаанд ва воқеан тибқи шариат амал мекунанд, лекин дар шакли хеле муҳофизакор ва тундгаро.

Аммо ин гурӯҳҳо ба он мувофиқ нестанд, зеро онҳо талош доранд, ки як навъ интернатсионали ҷаҳонии исломиро таҳти раҳбарии худ бисозанд ва намехоҳанд бахше аз баъзе низомҳои дигар бошанд ва ё бо таъсиси хилофат дар як минтақаи алоҳида қаноат кунанд.

Захираҳои ҷангии онҳо дар мубориза бо Толибон хеле кам шуда, аз ин рӯ муқовимат дар шакли нисбатан ғайрифаъол идома дорад ва онҳо ҳамалоти мухталифи террористӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои маргталабона анҷом медиҳанд.

Ин бархӯрди ДОИШ ва “Толибон” дар дохили Афғонистон аст. Азбаски дар хориҷи кишвар бо артишу сохторҳои қудратии кишварҳо чунин муборизаи мусаллаҳонаро рӯбарӯ анҷом дода наметавонанд, аз тактикаи ҳамлаҳои террористӣ ва гурӯҳҳои хуфта истифода мебаранд.

Интиҳори масҷид дар шаҳри Қундуз, 8 октябри соли 2021.

 

“ДОИШ-Хуросон”-ро кӣ дастгирӣ ва маблағгузорӣ мекунад?

Намехоҳам ба назарияҳои тавтеа амиқ фурӯ равам, аммо онҳо дорои захираҳои марбут ба ғоратгарӣ, одамрабоӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷамъоварии маблағ мебошанд. Ҳоло як насли наве доранд, ки зери эълонҳои мухталифи қалбакӣ (фейкҳо), аз қабили хайрия барои сохтмони масҷид ё табобати беморон низ ба ҷамъоварии маблағ машғуланд. Инро бисьёр коршиносон зикр карда, аз баъзе чунин кӯшишҳо пешгирӣ шуд.

Ҳатто дар Тоҷикистон низ ҳолатҳое буданд, ки ифротгароён бо эълонҳои бурдурӯғ пул ҷамъоварӣ намуда, баъзе аз шаҳрвандони соддаи мо ба онҳо пул мегузарониданд. Ин усули маблағгузорӣ асосан барои дастгирии устувории ба истилоҳ ҳалқаҳои хуфта истифода мешавад.

 

Киҳоро бештар ҷалб мекунанд?

Ҷалб кардан ҳоло дар ду самт ҷараён дорад. Аввалан, кадрҳои ба истилоҳ техникӣ ҷалб карда мешаванд - онҳо одамоне мебошанд, ки барои омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ, ҷамъоварии маблағ ва ҷалб муфид хоҳанд буд. Инҳо асосан одамоне мебошанд, ки маълумоти олӣ ё малакаҳои баланди касбӣ доранд, ба монанди мутахассисони бахши технлогияҳои иттилоотӣ (IT) ё ҳатто намояндагони касбҳои гуманитарӣ, ки метавонанд дар ҷалбу моил кардан истифода шаванд. Ин одамон элитаро ташкил дода, кадрҳои арзишманданд ва нигоҳ дошта мешаванд. Самти дуюми ҷалбкунӣ "масолеҳи хароҷотӣ" мебошад, ки аз ҳисоби афроди канормонда, одамони камсавод ё шахсони дучори мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷалб карда мешаванд. Онҳо асоси масолеҳи хароҷотиро барои гурӯҳҳои хобида, ки дар амалҳои террористӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ташкил медиҳанд.

Дар омади гап, филиали афғонистонии ДОИШ ба нашри маҷаллаи нав - “Садои Хуросон” бо забони тоҷикӣ оғоз кард (аз ҷониби Фонди “Ал-Азаим”, ки ба лоиҳаҳо дар бахши расонаҳои ДОИШ машғул аст, нашр шуд). Матолиби маҷалла ниятҳои таҳдидомези филиали афғонистонии ДОИШ-ро нисбат ба Тоҷикистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Русия инъикос мекунанд.

Нашри маҷаллаи нав боз як гувоҳи возеҳи фаъол гардидани кори таблиғотии филиали афғонистонии ДОИШ мебошад, ки ба аудиторияи Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Бори дигар ёдрас мекунем, ки фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон манъ аст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.