Баъди ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав ва боздошти намоишкоронаи 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосӣ дар ин ҳамла баҳси мағзшӯии зодагони Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ва экстрtмистӣ, махсусан дар муҳоҷирати меҳнатӣ дубора доғ шуд.

Аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” то Шерозу Белгород

Ҳамаи он 4 зодаи Тоҷикистон, ки бевосита ба иҷрои ҳамла ба “Крокус” гумонбар мешаванд, муҳоҷири меҳнатии оддӣ буданд ва ба ғайр аз як нафари онҳо? се тани дигар 3 моҳ пеш ба муҳоҷират рафта буд.

Чанде аз онҳо зимни боздошт дар шароити мармуз гуфтанд, ҳангоми дар муҳоҷират будан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Телеграм” ба қавле мағзшӯӣ шуданд ва барои ин кор аз сӯи касе ваъдаи маблағ ҳам гирифтаанд. Иддаое, ки коршиносон ва ҷомеаи Тоҷикистону Русия ба он бо шубҳа менигаранд.

Бо ин вуҷуди он ки ДОИШ бо нашри як навор аз ҷои ҳодиса масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифт, мақомоти Русия кӯшиш мекунанд, ки дар он изи Украинаро дарёбанд.

Зимнан, ин ягона ҳодисаи пурсарусадои кашидани пойи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳамлаҳои террористӣ нест.

Аз ҷумла, ду сол пеш як ҳамлагар ба ибодатгоҳе дар Шерози Эрон, ки дар натиҷа 13 кас кушта шуд, Комрон Субҳонӣ, шаҳрванди Тоҷикистон буд ва ӯ чанд сол пеш аз Тоҷикистон ба шаҳри Маскав ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд. Маълум нест, ки чӣ гуна ӯ дар Эрон пайдо шуд. Масъулияти он ҳамларо ҳам гурӯҳи ДОИШ бар дӯш гирифт буд.

Муттаҳмони ҳамла ба "Крокус"

Ҳамчунин, Эҳсон Аминзода (Тоҷиддин), ки рӯзи 15-уми октябри соли 2022 бо як ҳамроҳаш ба ҳамяроқони худ дар тамрингоҳи Белгород ҳамла карда, 11 нафарро куштанд, мисли Комрон чанд моҳ пеш ба Русия рафта, дар тарабхонае бар асоси патент кор мекард. Маълум нест, ки чӣ гуна дар тамрингоҳи Белгород, ки асосан шаҳрвандони Русия хизмат мекунанд, пайдо гардид.

Дар ҳамин ҳол, наздикону пайвандон, ҳамсояҳо, омӯзгорон ва дӯстони чаҳор ҷавони муттаҳам дар ҳамлаи “Крокус” зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо сахт эътиқодӣ набуданд ва  дар рафторашон нишонаҳои ифротгароӣ ҳам дида намешуд.

Эътирофи президент ва мақомот. Дар муҳоҷират мағзшӯӣ мешаванд

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ҳузури ҷавононро дар ҳамлаҳои г=шношунид шарҳ намедиҳанд, вале эътироф мекунанд, ки қасме аз ҷавононе ки имрӯз дар гурӯҳҳои ҳаросафкан ҳастанд, замони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданашон мағзшӯӣ шудаанд.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми марти соли равон дар мулоқот бо руҳониён гуфт, “бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард”.

Ҳамчунин, Рамазон Разимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли 2024 гуфт, ки яке аз роҳҳое, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро мағзшӯӣ мекунанд, ин муҳоҷирати меҳнатӣ аст.

Аз ин пештар, Мансурҷон Умаров, муовини вақти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (ҳоло муовини вазири адлия ва роҳбари зиндонҳои Тоҷикистон) соли 2019 дар парлумон гуфта буд, ки “раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар баробари доштани паҳлӯҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд”.

Кофтукови беш аз 4000 тоҷикистонӣ барои амалҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ваwте наздикону пайвандон ва дӯстони онҳое, ки  дар ҳамлfҳои пурқурбонӣ ва  пурсарусадо нақш доранд, аз онҳо ҷавонони боодобу аълохон ва ботаҳаммул ёд мекунанд, пас чӣ гуна онҳо баъди чанд моҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия пояшон ба ҳамлаҳои террористӣ кашида мешавад? Воқеан, муҳоҷират яке аз роҳҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳарfкатҳои ифротӣ аст? “Азия-Плюс” кӯшиш кард, ба ин суолҳо посух ҷӯяд.

Ҳоло омори дақиқи расмие нест, ки чанд ҷавони тоҷик дар гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шудаанд. Танҳо Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо рӯҳониён гуфт, ки “ҳоло 4075 шаҳрванди кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд”.

Дар ҳамин ҳол, ВКД ҳамсола аз оморе ёдоварӣ мешавад, ки ҷавононро аз сафи гуруҳҳои ифротӣ ихтиёран ва ё бо роҳи зурӣ ба ватан баргардонидаанд. Қисме дар озодӣ буда, ҷамъеро зиндонӣ ҳам кардаанд. Вале баҳсу баррасиҳо дар бораи шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Беҳуқуқии муҳоҷирон онҳоро ба доми мубаллиғон меандозад

Ҳарчанд бархе коршиносони муҳоҷиратро манбаи ифротшавии ҷавонон намедонанд, вале қисме мегӯянд, маҳз беҳуқуқии онҳо дар муҳоҷират, адами таълимоти динӣ дар дохили кишвар ва шикастагии равониву омили иқтисодӣ сабаби гаравидани муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мешавад.

Абдулло Давлатов, ки чанд сол роҳбари яке аз созмонҳои дифоъ аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия буд, мегӯяд, муҳоҷират сабаби афзоиши сафи ифротиён нест, аммо ҷинояткорон аз фурсат истифода мебаранд.

Ба гуфтаи ӯ, маҳз вазъи душвори ҳуқуқии муҳоҷирон, ки аксаран боиси шикасти равонии онҳо мешавад, бархе ҷавононро ба доми мубаллиғони ифротӣ меандозад. 

Тибқи омори ғайрирасмӣ, дар Русия беш аз 1 миллион муҳоҷирони тоҷик машғули коранд ва даромади сеяки хонаводаҳои кишвар аз ҳисоби муҳоҷират ба даст меояд.


Надоштани маълумоти динии заминавӣ

Дар ҳамин ҳол, Ҷамолиддин Хомӯшӣ, узви Шӯрои уламои кишвар ва рӯҳонии тоҷик бар ин назар аст, ки маҳз надоштани маълумоти заминавии динӣ омили аслии ба доми ифротгароён афтондани бархе муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аст. 

“Касе кафолат дода наметавонад, ки то куҷо он маълумоту таълиме, ки муҳоҷирон аз интернету доираҳои гуногун мегиранд, саҳеҳ аст. Чун худи муҳоҷирон ташхис карда наметавонанд. Аз ин рӯ, ин раванди танзимнашуда метавонад бархе аз муҳоҷиронро то доираи гурӯҳҳои иртиҷоӣ бурда расонад”, - гуфт ин рӯҳонии тоҷик.

Адами таълимоти динии расмӣ дар кишвар

Вале Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, омили аслии мағзшӯии муҳоҷирони ҷавон адами таълимоти динии расмӣ дар кишвар аст.

“Масъалаи асосие, ки ҷавононро ба ин роҳ мебарад маҳдудияти таълими динӣ то 18-солагӣ аст. Яъне вақте ҷавонон аз кудакӣ бо дин шинос нестанд, то 18 солагӣ ба масҷид роҳ надоранд, омӯзиши динӣ манъ аст, пас ягона роҳ Интернет мемонад, ки ҷавонон маълумоти диниро аз он мегиранд”,- гуфт Ёров.

Ба таъкиди вай дар кишвар, шароите барои таълимоти динӣ мавҷуд нест ва кӯдакону наврасон ҳатто аз падару модар ба таври кофӣ маълумоти динӣ намегиранд.

“Падарон аслан дар муҳоҷират, модарон аз паи рӯзгор овора, пас кӣ ҷавонро тарбия кунаду сари роҳашро гирад? Масъулияти волидайн ҳаст, вале шароит муҳайё кардан ба волидайн нест. Пас чаро аз онҳо масъулият барои фарзандонашон пурсиду ҷаримаҳои ҳангуфт кард?”, - мепурсад ин ҳомии муҳоҷирони тоҷик.

Ӯ нақл мекунад, ки ҷавонон ба воситаи Интернет, ҳангоми вохӯриҳо дар ҷойҳои корӣ, чойхонаҳо, маъракаҳои гуногун ва ҳатто вохӯриҳои тасодуфӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ мағзшӯӣ мешаванд.

Аҳолӣ аз куҷо таълимоти динӣ гиранд?

Нигаронӣ аз надоштани таълимоти заминавии динии муҳоҷирон дар ҳолест, ки ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо масоили динӣ тадрис намешавад.

То чанд сол пеш аҳолӣ метавонистанд, ки кӯдакони худро дар назди руҳониёни маҳаллӣ ва мадрасаҳои динӣ ба таълимоти мазҳабӣ ҷалб кунанд. Вале соли 2018, баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, таълими динӣ ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ вогузор шуд.

Аз ин пештар, мақомот чанде аз мадрасаҳои диниро баста буданд. Сабаби онро мақомот пешгирии гароиши ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ унвон менамуданд.

Вақте дар кишвар як донишкадаи исломӣ амал кардаву дари мадрасаҳои динӣ бастааст ва назди рӯҳониёни алоҳида сабақ омӯхтан манъ аст, пас аҳолии ҷавони кишвар, ки бештари онҳо баъдан ба муҳоҷират мераванд, дар куҷо ва чӣ гуна саводи динӣ андӯзанд, то ба доми мубаллиғон наафтанд?

Саволе, ки ҷомеа посух меҷӯяд ва мақомот ба он то ҳол посухе надодаанд.

Сатҳи ифротишавӣ дар дохил ва хориҷ баробар аст

Вале Рустам Азизӣ, коршиноси масъалаҳои ифротгароии хушунатомез назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ифротишавӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ тақрибан баробар аст ё ба андозаи зиёд фарқ намекунад.

“Мо мебинем, ки хеле аз афроде ҳастанд, ки аз дохили кишвар ба ин гурӯҳҳо ҷалб шуданду пайвастанд, ки аслан ба хориҷ сафаре ҳам накарда буданд. Байни инҳо ҳам афроди таҳсилкарда буду ҳам афроди гуногун.... Чанд фарди сатҳи хеле болои “доиши”-ҳо, ки аз ҳисоби ҷанговарон ва мубаллиғони доишӣ, ки зикр шуданд, ба мисли сарҳанги собиқ Гулмурод Ҳалимов, (сардори ОМОН-и ВКД) ё Абу Холид ё Абу Усома инҳо ба муҳоҷират коре надоштанд. Ифротишавӣ ва басиҷи онҳо дар ҳамин дохили Тоҷикистон сурат гирифт”,- гуфт ӯ.

Ин коршиноси тоҷик афзуд, имрӯз, тактики басиҷсозии гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ДОИШ тағйир ёфтааст.

Ба таъкиди вай, дар солҳои қаблӣ, масалан 2011 то 2015 онҳо ниёз ба ҷангиёни зиёд доштанд, чун дар Сурия ва Ироқ ҷанги мустақим доштанд ва барои онҳо ба истилоҳ артиш лозим буд.

“Ҳоло ниёзи ҷанги майдонии зиёд надоранд. Аз ин рӯ, бештар талош мекунанд, ки ҳалқаҳои хуфта ташкил кунанд дар кишварҳои гуногун ва бештар даст ба амалиёти террористӣ. Аз ин рӯ, аз соли 2019 ба баъд, ҳам мувофиқи арзёбиҳои коршиносон ва ҳам мувофиқи баёнияҳои худи ин гурӯҳҳои ифротӣ, таваҷҷӯҳи бештар барои ҷалбу эҷоди халқаҳои хуфта дар кишварҳои гуногун аз ҳисоби муҳоҷирон ё намояндаҳои бумии Осиёи Марказӣ ё худи Афғонистон аст. Чун барои ин гурӯҳҳо аз он ки ифротиён ё интиҳориёнро аз Афғонистон ба Аврупо интиқол диҳанд, беҳтар аст, ки бо он маводу имконоте, ки дар он ҷо дастрас аст, сару кор кунанд ва ҳалқаҳои хуфта таъсис дода, барои амалиёт истифода баранд”,-зикр кард Рустам Азизӣ.

Акси марбута

Чӣ бояд кард? 

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мустақилияти ҷавонон, омӯзиши асосҳои дини ислом, иртиботи ҳамешагии ҷавонон бо волидайн ва зери ҳимояи давлат қарор доштани муҳоҷиронро аз роҳҳои пешгирии шомилшавии муҳоҷирони корӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ номид. 

“Мо набояд аз калимаи “ислом” тарсем, чунки дини ислом дини сулҳ аст ва ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Ниҳодҳои дифоъ аз муҳоҷирон, бояд ба ҳар як мушкили тоҷикон расидагӣ кунанд. Дигарон бояд бубинанд, ки тоҷикон “соҳиб” доранд. Он гоҳ фишор болои муҳоҷирони меҳнатӣ ва умуман тоҷикон дар ин кишвар камтар мешаваду мардуми мо маҷбур намешаванд аз дигарон ҳимоят ҷӯянд”, - гуфт Абдумалик Қодиров.

Рустам Азизӣ, бар ин назар аст, ки барои муқобила бо хатарҳо ва муқовимат бо ифротишавии муҳоҷирон, нақши муассирро мақомоти маҳаллии кишварҳои қабулкунанда, роҳбарони диаспораҳо, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони консулӣ ва дипломатӣ, соҳибкорон, роҳбарони иттифоқҳои касаба дар ҷои кори муҳоҷирон ва пешвоёни динӣ мегузоранд.

“Барои баланд бардоштани устуворӣ ба хатарҳо, инчунин дастгирии ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ, шуғл, нақши оила, таъсири мусбати дин ва маориф муҳим аст. Ҳарчанд ҳар яке аз омилҳои зикршуда, худ аз худ барои таъмини ҳамаҷонибаи устуворӣ нокифоя аст. Барои пешгирии ифротишавӣ онҳо бояд якҷоя амал кунанд”, - гуфт Рустам Азизӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.