Рӯзҳои наздик дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боронҳои шадид дар назар аст. Ин метавонад ба омадани селҳо боис гардад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ огоҳ мекунад.
Гуфта мешавад, ин ҳодисаҳо метавонанд ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар минтақаҳои зикршуда боис гарданд.
“Боришоти борон ва оби дарёҳо метавонад пастхамиҳо, заминҳои кишоварзиро зери об кунад, қитъаҳои роҳҳоро шуста, инчунин ба бехатарии пулҳо хатар эҷод кунад”, - омадааст дар хабари Кумита.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.
Зикр мегардад, ки дар ин рӯзҳо лозим меояд ба бачаҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Онҳоро набояд гузошт тани танҳо чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии зироати кишварзӣ ва ё моҳидорӣ раванд.
Ҳамчунин ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ тавсия дода мешавад, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, ҳарорат то охири ҳафта чандон тағйир намеёбад. Аммо аз 22 октябр поинравии ҳарорат тақрибан то 5 дараҷа пешбинӣ мешавад.
Тавре ки дар Агентӣ зикр карданд, ҳоло дар бораи чӣ гуна шудани обуҳаво то охири моҳ ҳарф задан барвақт аст, зеро мушоҳидаҳо ҳамеша дар ҳоли тағйиранд.
R.I.P. Кого из выдающихся людей потерял Таджикистан в 2024 году
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2024 год
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 января 2025 года
ТОП-10 самых просматриваемых видео «Азия-Плюс» за 2024 год
А будет ли оливье, елки и снег? Медиа Kit рассказывает, как мы будем отмечать Новый год в 2050-м
ООН: 115 тысяч сирийских беженцев вернулись на родину после падения режима Асада
Какие фильмы выйдут в прокат в 2025 году?
Боксер-профи из Таджикистана проведет первый бой в новом дивизионе
Как легендарный завод холодильников «Памир» остался в прошлом
Пять ошибок при покупке подержанного авто и как их избежать
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста