Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 27-28-уми сентябр дар як қатор навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Бо ишора ба ин, ин ниҳод аз сокинон даъват кардаст, ки қоидаҳои амниятиро риоя кунанд.

КҲФ гуфтааст, ки аҳолиро зарур аст, ки барои пешгирӣ аз вуруди оби сел ба хонаҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву сангу рег тоза кунанд.

Ҳамчунин, ҳангоми чамъоварии ҳезум, моҳидорӣ, чаронидани чорво ва шикор дар ҷойҳои хавфнок эҳтиёт бошанд.

"Ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳии кӯҳӣ, авто-мото ва велосипедронӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ ва инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кунанд", - зикр мекунад КҲФ.

Қобили зикр аст, ки тибқи иттилои Маркази обуҳавошиносии кишвар, имрӯз, 27 сентябр дар шаҳри Душанбе ҳавои нимаабрӣ ва боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ борони кӯтоҳмуддат (бештар аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борон, барф) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона борони шадид ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шимоли кишвар низ ҳавои нимаабрӣ ва борон дар назар аст. Ҳаво рӯзона то 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ имрӯз ҳавои нимаабрӣ ва боронӣ пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо борони сабук дар назар буда, ҳарорати ҳаво рӯзона аз 23 то 28 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хоруғ низ имрӯз борони кӯтоҳмуддат борида, ҳаво нимаабрӣ мешавад, ҳаво рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад. Умуман, дар ғарби ВМКБ рӯзона 18—23, дар шарқи вилоят 9—14 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.