Имрӯз дар Душанбе мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохтаи сиёсати тоҷик, ки дар зарфи шаш моҳи охир боздошт ва ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар шуданд, боз ҳам паси дарҳои баста баргузор гардид.
Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) тақрибан 5 соат идома кард, наздикони гумонбарон боз ҳам ба толори мурофиа роҳ дода нашуданд, танҳо вакилони дифоъ ба мурофиа даромаданд.
Мақомот бо далели муҳри махфӣ доштани парвандаҳо аз ҷузъиёти мурофиа иттилоъ намедиҳанд.
Вакилони дифоъ ва пайвандони нафарони боздоштшуда низ аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд.
Як манбаи огоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мурофиаи сеюм назари се айбдоршавандаи дигар нисбати парванда пурсида шуд.
Ба иттилои дастрас, пурсидашудагон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор мебошанд.
Манобеи огоҳ гуфтанд, ки ду айбдоршаванда дар додгоҳ иттиҳомро қабул накардаанд, вале Саидҷаъфар Усмонзода қисман иттиҳомро пазируфтааст. Аммо дақиқ нест, ки онҳо бо кадом моддаҳои гумонбар дониста шудаанд ва чиро пазируфтаву чиро рад кардаанд. Санҷиши дурустии ин иддао тавассути мақомоти расмӣ ё сарчашмаҳои мустақил ғайриимкон аст.
Дар мурофиаи дуюм, ки чанд рӯз пештар ҷараён гирифт, 4 айбдоршаванда - Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ бозпурсӣ шуда буданд.
Чанде аз инҳо, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ ҳам қисман айбномаро пазируфта буд.
Бояд гуфт, ки аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.
Гуфта мешавад, ки парвандаи онҳо ба якдигар иртибот дорад, вале аксар айбдоршавандагон иттиҳомро ба гардан нагирифтаанд.
Интизор меравад, ки мурофиаи дигарӣ пагоҳ, 22-уми ноябр баргузор шавад ва дар он айбдоршавандагони дигар бозпурсӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.
Как Цецилия Бану-Лахути потратила 25 лет жизни на перевод «Шахнаме»
Международные переводы с Visa Direct Account: быстро, надёжно и удобно с Международным банком Таджикистана
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
На таджикско-узбекской границе появится зона свободной торговли
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста