Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохтаи сиёсати тоҷик, ки дар зарфи 6 моҳи охир боздошт ва ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар шуданд, 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст.
Ин мурофиа имрӯз дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) соати 9:00 оғоз шуда, тахминан соати 15:00 ба анҷом расидааст. Наздикони гумонбарон боз ҳам ба толори мурофиа роҳ дода нашуданд, танҳо вакилони дифоъ ба мурофиа даромадаанд.
Мақомот бо далели муҳри махфӣ доштани парвандаҳо аз ҷузъиёти мурофиа иттилоъ намедиҳанд.
Вакилони дифоъ ва пайвандони нафарони боздоштшуда низ аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд.
Як манбаи огоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мурофиаи чорум назари Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон нисбати парванда гирифта шудааст.
“Ҳеҷ иттиҳомро Шокирҷон Ҳакимов напазируфт”, - гуфт як манбаъи мо.
Инчунин, ба иттилои дастрас, дар мурофаи имрӯза парвандаи дигар гумонбаронро боз ҳам баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин, манобеи огоҳ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар мурофиаи имрӯза 3 шоҳид ба додгоҳ даромадаанд ва бар зидди айбдоршавандагон шаҳодат додаанд. Радио Озодӣ менависад, ки “Рашид Олимов, вазири пешини корҳои хориҷӣ, раҳбари собиқи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Чин, Нуралӣ Саидов, котиби пешини Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷаласаи додгоҳӣ аз макони мурофиа берун шуданд. Аммо ин афрод аз ҳама гуна суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд”. Вале дақиқ нест, ки нафари сеюм кӣ аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки як ҳафта боз мурофиаи чеҳраҳои шинохтаи сиёсати тоҷик, ки дар зарфи 6 моҳи охир боздошт ва ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар шуданд, дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) идома дорад.
Дар мурофиаи аввал, ки рӯзи 14-уми ноябр баргузор гашт, додрас бо парвандаи ҳама гумонбарон ошно шуд.
Дар мурофиаи дуюм 4 айбдоршаванда - Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ бозпурсӣ шудаанд.
Мурофиаи сеюм бо баррасии парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор ба анҷом расид.
Инак, дар мурофиаи чорум парвандаи Шокирҷон Ҳакимов баррасӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.
Как Цецилия Бану-Лахути потратила 25 лет жизни на перевод «Шахнаме»
Международные переводы с Visa Direct Account: быстро, надёжно и удобно с Международным банком Таджикистана
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
На таджикско-узбекской границе появится зона свободной торговли
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста