Ҳукумати Тоҷикистон ахири моҳи марти соли ҷорӣ дар бораи дар муҳлати 10 рӯз хабар додан оид ба дастрас шудани грантҳо аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ қарор қабул кард.
Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи кӯмаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр мегардад, ки давлат дар доираи қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» бо мақсади амалисозии танзими давлатӣ ва назорати риояи қонунгузории амалкунанда, тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро, ки бо иштироки кишварҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, субъектҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байнулмилалӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби дастрас гардидани маблағҳои ихтиёрӣ, хайрия, грант ё амвол ташкил шудаанд, муқаррар мекунад.
Ташкил ва пешбурди Феҳристро мақомоти бақайдгирандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ - Вазорати адлияи Тоҷикистон амалӣ месозад ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, ки дар муҳлати 10 рӯз тамоми маълумот дар бораи худро пешниҳод намоянд.
Огоҳинома дар сурати бевосита ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод шудан ё ирсол гардидан тариқи почта ҳамроҳ бо мактуб бо супориши огоҳӣ дар бораи супурдани он, фиристодан тавассути факс ё расонидан бо роҳу воситаҳои дигари алоқа, ки дар мақомоти бақайдгиранда сабт мешавад, пешниҳодшуда шуморида мешавад.
Огоҳиномаи иттиҳодияи ҷамиятӣ ҳамчунин тавассути почтаи электронӣ низ пешниҳод шуда метавонад. Шакли огоҳинома ва тартиби пешниҳоди шакли электронии огоҳиномаро Вазорати адлия муайян мекунад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли 2015 палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро маъқул шуморид, ки боиси сарусадоҳои зиёд миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ шуд. Яке аз тағйироти муҳими пешниҳодшуда аз ҷониби ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудани ҳисобот дар бораи фаъолияти молиявии ҷамъият маҳсуб меёфт.
Дар нишасти хабарии моҳи июли соли 2015 вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод дар мавриди ин масъала зикр карда буд , ки ҳадафи ворид намудани тағйироту илова ба қонуни зикршуда маҳдуд кардани фаъолияти Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ё нақзи ҳуқуқҳои онҳо набуда, балки ошкор кардани бо кадом мақсадҳо истифода шудани грантҳои хориҷӣ аст.
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Что изменится в отношении США к Центральной Азии с приходом Дональда Трампа?
Путин объявил о серийном производстве баллистической ракеты «Орешник»
В Таджикистане стартует акция "Техосмотр". МВД разъясняет ее правила и цели
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередная смерть солдата, отчаянное видеообращение и награда за поддержку Ягноба
Жапаров подписал закон о запрете электронных сигарет в Кыргызстане
МВД России начинает лишать российского гражданства за непринятие присяги
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста