Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба оғози корҳои сохтмон дар чорсӯи сеқабата дар буриши роҳҳо дар маҳаллаи 82-уми шаҳри Душанбе, ҳаракати нақлиёт тариқи ин чорраҳа ба муддати 2 сол қатъ мешавад. Ҳаракати нақлиёт тавассути ин чорроҳа 30 июли соли 2018 дубора барқарор мегардад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 22 июли соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни оғози сохтмони эстакада шинос шуд. Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад.

Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки барои амалисозии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳаҷми 35 млн. доллари ИМА қарз ва ҳамчунин ба маблағи 3 млн. доллари ИМА кумаки техникӣ пешниҳод мекунад. Тобистони соли гузашта дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо расида буд.

Марҳилаи аввали таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе - марзи Ӯзбекистон (аз дарвозаҳои ғарбии пойтахт то гузаргоҳи марзии «Дӯстӣ» дар марз бо Ӯзбекистон) аввали соли гузашта ба итмом расида, аз ҳисоби восиатҳои грантии Бонки осиёгии рушд дар ҳаҷми 120 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ шуд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки нимаи моҳи августи соли равон ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян-Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) -и Чин пешниҳод намуд, ки сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82-уми пойтахтро бо харҷи қариб 25,5 млн. доллари ИМА месозад.