Сарфи назар аз боришоти шадиди барф ва тармафароиҳои зиёд, кормандони филиали ширкати «IRS» бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор тавонистанд нимаи дуюми рӯзи 6 феврал  роҳи Душанбе–Чанокро аз барф тоза намуда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро имконпазир гардонанд, вале ҳанӯз ҳам эҳтимолияти фаромадани тармаҳо зиёд аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати «IRS», аз ин пас як муддат ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар доираи реҷаи тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ, ки тибқи он ҳаракат рӯзҳои тоқи моҳ аз самти Хуҷанд ба Душанбе ва ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе  ҷониби Хуҷанд муқаррар шудааст, амалӣ мегардад.

Гуфта мешавад, айни замон низ дар километрҳои 48- 73-юми роҳ зиёда аз 35 техникаи пуриқтидори филиали Ширкат баҳри бартарфсозии пайомадҳои офати табиӣ фаъолияти пурмаҳсул ва муназзам доранд.

Ҳамчунин ёдрас мешавад, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани офатҳои мавриди назар роҳбарияти филиали Ширкат дар масири мазкур қарор дошта, раванди бартарафсозии  пайомадҳои офат зери назорати ҷиддӣ ва доимӣ аст.