Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи нахустин дар таърихи Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ ҷонибдорӣ намуд.
Зимни шарҳи моҳияти лоиҳаи Кодекси мазкур ба вакилон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода қайд кард, ки корҳои таҳияи Кодекс бо супориши президент ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд.
Кодекси имрӯз қабулшуда 16 қонуни қаблан қабулшуда дар танзими масоили соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистонро иваз мекунад. Кодекс масоили фаъолияти тибби давлатӣ, хусусӣ ва халқиро ба танзим медарорад.
Мувофиқи меъёрҳои Кодекси қабулшуда, табибони ҷавоне, ки таҷрибаи кофӣ надоранд, наметавонанд ба фаъолияти тиббии мустақилона (хусусӣ) машғул шаванд.
Вазири тандурустӣ зикр кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон 601 субъект ба пешниҳоди хизматрасониҳои тибби хусусӣ машғул мебошанд.
Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки ахиран ба Тоҷикистон таҷҳизот ва техникаи гаронбаҳои тиббӣ ворид шуда, қисмате аз он бинобар сабаби мавҷуд набудани мутахассисон, ба кор бурда намешавад.
Зуҳуров ба вазири тозатаъини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (моҳи январ) муроҷиат намуда, қайд кард:
«Агар ту коррупсия дар худи вазоратро барҳам диҳӣ, ин падида дар бемористону дармонгоҳҳо, таваллудхонаву дигар муассисаҳои тиббӣ кам мешавад».
Дар робита ба тибби халқӣ дар Кодекс зикр мегардад, ки «ҷодугарӣ ва расму оинҳои динӣ тибби хусусӣ эътироф шуда наметавонанд».