Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» доир гардида, онро сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов ҳусни оғоз бахшид.
«Мо муддатҳо ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанберо интизорӣ доштем ва дар нақша буд, ки имрӯз дар ин ҷо касоне ҳузур хоҳанд дошт, ки бояд бо хатсайри аввалин меомаданд, - гуфт ӯ. - Мутаассифона, парвоз тариқи ин хатсайр шояд боз ба як ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд».
Ӯ аз рӯзноманигорон ва иштирокчиёни маросими мазкур дархост намуд, ки «дар бораи сабабҳои ба иҷро нарасидани парвози нахустин тариқи хатсайр ба андешаву назарҳои носанҷидаву нодуруст роҳ надиҳанд».
«Шахсан ман бар ин назарам, ки вақте як чизеро хеле зиёд мехоҳӣ, ба шитобкорӣ роҳ медиҳӣ, на ҳама вақт меъёрҳои ҳуқуқиро риоя кардан муяссар мешавад, ки чунин ҳолат чанде қабл дар парвози нахустини ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Тошканд рух дод ва имрӯз ҳам чунин ҳолат аст, - иброз дошт дипломат. - Сабаби асосиро ман дар он мебинам, ки барои ифтитоҳи хатсайри байнулмилалӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатгузориро ҳал кардан зарур аст, ки мутаассифона, мо дар муҳлати муқарраршуда аз уҳдааш набаромадем».
Ба гуфтаи сафир, рӯзи душанбе дар Тошканд миёни ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» гуфтушунидҳо оғоз ёфта, имрӯз идома доранд ва пагоҳ ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия, Вазорати нақлиёт ва дигар мақомоти дахлдор ба Тошканд сафар карда, санаи 6 апрел дар он ҷо лоиҳаи созишнома миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи алоқаи ҳавоии байнулмилалӣ баррасӣ мешавад.
«Вақте созишнома тасдиқу ба имзои ниҳоӣ дар сатҳи баланд омода мешавад, барои роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳо имкони бештар фароҳам меояд», - қайд кард сафири Ӯзбекистон.