Зимни нишасти хабарии рӯзи душанбе вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид изҳор намуд, ки низоми маорифи маъмулии шӯравӣ замони гузашта буда, Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ ба он барнамегардад ва таътилҳои тирамоҳиву баҳории мактаббачагон низ дигар барқарор намешаванд.

Аз соли хониши 2010-2011 толибилмони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон аз таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ маҳрум гардида, ба ивази он аз 1 то 31 январ як моҳ таътили зимистона ҷорӣ шуд.

Ин иқдоми худро Вазорати маориф ба беҳбуди шароити баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, аз қабили давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси омӯзгорон ва олимпиfдаҳо маънидод карда буд, то ки муаллимону омӯзгорон аз ҷараёни хониш барканор карда нашаванд.

Дар посух ба савол дар бораи дубора баргардонидани таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ барои хонандагон Нуриддин Саид гуфт: “Ин таътилҳо барои хонандагон дигарбора барқарор намешаванд”. Ба саволи “Чаро?” ӯ мухтасар чунин посух гуфт: “Мо - олимон хубтар сарфаҳм меравем!”.

Дар робита ба масъалаи аз меъёр зиёд будани шумори хонандагон дар мактабҳои пойтахт вазир қайд кард, ки ин масъала танҳо баъди анҷоми сохтмони мактабҳои нав ҳал мешавад.