Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки шахсан ба ҷодугарон бовар надорад.
Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1000 нафар ошкор шудаанд, ки ғайриқонунӣ ба тарзу усулҳои ғайриммаъмулӣ ба молиҷаи беморон машғуланд.
«Нисбати ин шахсон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла аз онҳо доир дигарбора ба ин гуна фаъолият машғул нашуданашон баёнот гирифта шуд», - иброз дошт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, шумори табибони халқӣ дар ҷумҳурӣ, ки гувоҳномаи давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ доранд, 146 нафар (ҳамин давраи соли гузашта - 133 нафар)-ро ташкил дода, фаъолияти онҳо доимо таҳти назорати комиссияи махсус қарор дорад.
Мувофиқи назарсанҷии соли 2012 гузаронидашуда, ҳар кадоме аз 10 нафар пурсидашудагон миёни аҳолии кишвар ҳадди ақал як бор ба ҷодугарон муроҷиат кардаанд ва қобили зикр аст, ки миёни мардум ҷодугарон то ҳол писандидаанд.
Ба қавли худи ҷодугарону фолбинон, ба онҳо аксар вақт мансабдорони воломақом ва тоҷирони доро муроҷиат мекунанд.
То соли 2007 дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои ҷодугарӣ муҷозот пешбинӣ нагардида буд. Танҳо соли 2015 ба Кодекси ҳуқуқвайронукии маъмурӣ моддаи нав дохил гардида, мутобиқи он дар сурати исботи гуноҳи фолбину ҷодугарон, ба онҳо дар ҳаҷми аз 600 то 1200 сомонӣ ҷарима муқаррар шуд.
Ду сол пеш ҳамчунин ба Кодекси ҷиноии ҶТ низ дар ин робита тағйирот ворид шуда, барои қонуншиканӣ ба ҷодугарону фолбинон то 7 соли зиндон ҷазо таъин шуд.