Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ созишномаи байнихукуматӣ барои қонунигардонии муҳоҷирати корӣ ба Кореяро омода мекунанд. Квота дода намешавад, муҳоҷирон ба ин кишвар мувофиқи талаботи ширкатҳо мераванд.
То ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон барои кору иқомати қонунӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ имкон надоранд, зеро ин кишвар муҳоҷиронро танҳо мутобиқи шартномаи байниҳукуматӣ қабул мекунад.
Айни замон ин кишварҳо 16-то мебошанд, ки аз минтақаи мо ба он Қирғизистону Ӯзбекистон ҳам шомиланд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд, раводиди сайёҳӣ гирифта, дар ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод, айни замон бо Кореяи Ҷанубӣ дар ин хусус гуфтушунид ҷараён дошта, дар сурати мусбат анҷом пазируфтани он, аллакай аз соли нави 2018 ин кишвар ба қабули муҳоҷирони тоҷик оғоз мекунад.
Чӣ гуна?
«Квотаи муайяне ҷудо карда намешавад. Ҳамватанони мо мувофиқи талаботи ширкатҳои ин кишвар ба Кореяи Ҷанубӣ хоҳанд рафт, яъне агар талабот 100 ҳазор нафар бошад, метавонем 100 ҳазор нафар ва агар талабот 5 ҳазор нафар бошад, ҳамин миқдор фиристода метавонем», - иброз дошт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷироне, ки ба Кореяи Ҷанубӣ сафарбар мешаванд, бояд дар курси 45 соата дар Тоҷикистон калимаҳои заминавии забони кореягӣ, таърих ва фарҳанги ин кишварро омӯхта, ҳамчунин Вазорати меҳнат низ оид ба ихтисосҳои алоҳида метавонад барои муҳоҷирон курсҳои омодагӣ баргузор намояд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, музди меҳнати муҳоҷирон беш аз 2 ҳазор долларро ташкил дода, манзили онҳоро корфармо таъмин мекунад. «Аммо мо муҳоҷирони омоданабударо худамон сафарбар намекунем», - қайд кард манбаъ.
Сатҳи тахассусӣ чӣ қадр баланд бошад, ҳамон қадар осонтар аст
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, имрӯз ҳудуди 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ кор мекунанд, аммо кор барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ душвор буда, онҳо ба ҷамъоварии ҳосил, кор дар ошхонаву тарабхонаҳо, боркаш дар корхонаҳо ва дигар корҳои душвору заҳматталаб ҷалб карда мешаванд, яъне вақти кории якрӯзаи онҳо дар шароити душвор 10-12 соатро ташкил дода, агар онҳо аз ҷониби мақомот боздошт шаванд, дар ҳаҷми зиёд ҷарима пардохта ё ба муҳлати 5 сол истирдод мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, вазъи мутахассисони соҳибтаҷриба тамоман дигар аст. Шаҳрвандони соҳибтахассуси Тоҷикистон бо даъвати ширкатҳо соҳиби раводид шуда метавонанд. Ин гуна мутахассисон асосан дар ширкатҳои IT, мошинсозӣ, истеҳсоли техникаи маишӣ ва сохтмон соҳиби ҷойҳои корӣ мешаванд. Донистани забон афзалият дошта, ба сатҳи пардохти музди меҳнат ҳам таъсир расонида метавонад.
Ҳамчунин барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки кореягиҳои этникӣ мебошанд, баъзе афзалиятҳо вуҷуд доранд. Онҳо метавонанд барои дастрасии раводиди Н2 ё раводиди F4 (он корӣ нест, вале дар соҳаҳои муайян ба кор кардан имкон медиҳад) ҳуҷҷат супоранд. Раводиди мазкурро кореягиҳои этникӣ мувофиқи барномаҳои махсусе, ки ба ҷалби ҳамватанон дар хориҷи кишвар нигаронида шудааст, дастрас карда метавонанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҷмӯъ метавонанд раводидҳои тиҷоратӣ, донишҷӯӣ ва агар кореягии этникӣ бошанд, раводиди Н2 (корӣ)-ро дастрас кунанд.
Дар ҳамин ҳол, касоне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, метавонанд ба муҳлати 60 рӯз бидуни раводид ба Кореяи Ҷанубӣ ворид шаванд ва дар маҷмӯъ 180 рӯз дар як сол метавонанд дар қаламрави ин кишвар ҳузур дошта бошанд.
«Таджикского Терминатора» задушили. Фаридун Одилов уступил россиянину Ибрагимову
Мигрантам в Волгоградской области запретили работать врачами, учителями и водителями
Между Черным и Азовским морями потерпели крушение два танкера с мазутом. Это экологическая катастрофа?
Таджикский боец Доробшох Наботов не смог попасть в UFC. Кто ему помешал?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 декабря 2024 года
Как справиться с предновогодним стрессом: советы врача
Страсть к скорости. Как таджикский гонщик покорил Поднебесную
Сколько будут стоить салаты для новогоднего стола-2025 в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2024 года
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста