Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол», «Директори сол», «Муаллими сол», «Кӯдакистони сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Мураббии сол», «Синфи беҳтарини сол», «Волидайни беҳтарини сол» ва ҳавасмандгардонии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, мувофиқи ин қарор барои ҳавасмандгардонии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳо аз буҷети шаҳр 46,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.
Дар озмуни «Мактаби сол» - гимназияи №74 ғолиб дониста шуда, мактабҳои №37, 40 ва 62 низ бо ҷоизаҳои озмун қадрдонӣ шуданд.
Роҳбари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №87 Гулистон Собирова директори беҳтарини сол ва омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқи мактаби №45-и шаҳр Моҳира Худоназарова беҳтарин муаллими сол эътироф гардиданд.
Дар озмуни «Кӯдакистони сол» муассисаи томактбаии №45 беҳтарин дониста шуда, ҳамчунин кӯдакистонҳои №117 ва 159 низ бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Омӯзгори кӯдакистони №151 беҳтарин мураббии сол ва синфи 10 «А»-и литсейи шаҳрии №55 синфи беҳтарини сол эътироф гардиданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.