Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошкенти бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар баргузор мешаванд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон» намоиши ду филми пурраи Носир Саидов «Қиёми рӯз» ва «Муаллим», намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.
Гуфта мешавад, дар барномаи консертӣ дар шаҳри Тошкент ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик ба мисли Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова, Дамирбек Олимов дар назар аст.
Зимнан зикр мегардад, ки санъати рақси миллии тоҷикро дар Ӯзбекистон Ансамбли овозадори рақсии «Зебо» муаррифӣ хоҳад кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.