Намояндагони фарҳангу ҳунари Тоҷикистон имрӯз тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе - Тошканд ба пойтахти Ӯзбекистон раҳсипор мешаванд. Ин ҳафта дар пойтахти ҳамсоякишвар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир мегарданд.
Тавре ба Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дод, ҳайати расмии Тоҷикистон аз 44 нафар арбобони фарҳангу ҳунар иборат буда, онро муовини вазири фарҳанги кишвар Ибодулло Машрабов роҳбарӣ мекунад.
Ба ҳайати Ҳунармандони халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Саидқул Блолов, ҳамчунин ҳунармандон Дамирбек Олимов, Муҳаммадрофеъи Каромаитулло, Дилноза Каримова, Шафоат Усмонова, ансамбли рақсии «Зебо» шомиланд.
Ғайр аз ин, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар кинотеатрҳои шаҳри Тошканд филмҳои ҳунарии коргардон Носир Саидов «Қиёми рӯз» ва «Муаллим», ҳамчунин якчанд филмҳои мустанад намоиш дода мешаванд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ифтитоҳи ботантанаи Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ўзбекистон 11 октябри соли 2017 соати 19:00 дар Театри калони давлатии академии ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошкент дар назар аст.
Гуфта мешавад, инчунин дар ин рўз соати 11:00 дар Намоишгоҳи санъати тасвирии Ўзбекистон намоиши аккосии “Тоҷикистони муосир” ва намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ оғоз мегардад.
Зикр мегардад, ки барномаи Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон», намоиши ду филми пурраи Носир Саидов, намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.
Қобили зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бори охир соли 1997 баргузор шуда буданд.
Моҳи майи соли равон бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон доир гардиданд. Ҳайати кишвари ҳамсоя аз 55 нафар ҳунармандон иборат буд, ки миёни онҳо Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон - Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, Ҳунарманди шоистаи ин кишвар - Собирҷон Муминов, сароянда Севинҷ Муминова, ҷоизадорони мукофотҳо «Ниҳол» ва ансамбли давлатии таронаву рақси «Ӯзбекистон» ҳузур доштанд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода барномаҳои консертии ҳунармандони ӯзбек баргузор шуд.