Машраб Қараев, мудири бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки миёни мардум бештар ҳамчун «Зелёний бозор» маъруф аст, рӯзи 9 октябр ба савдогарони бозор хабар додааст, ки мувофиқи дастури раиси пойтахт, бозор ба ҷойи дигар кӯчонида шуда, то охири ҳамин ҳафта фурӯшандаҳо бояд ба бозори «Меҳргон» (собиқ «Пойтахт-90») раванд.

Айни замон дарвозаҳои бозор баста буда, фурӯшандаҳо ба ҷамъоварии молу маҳсулоти худ машғуланд. Посбонон дарро барои харидорон мекушоянд, то ки онҳо маҳсулоти боқимондаро харида тавонанд (бо нархи нисбатан пасттар). Воридоти молу маҳсулоти тозаву нав манъ аст.

Машраб Қараев ба онҳо гуфтааст, дар бозори «Меҳргон» ҷойҳо омода буда, ҳар кадоме аз савдогаронро зарур аст, ки бо моликони бозори нав қарордод ба имзо расонанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ба истифода дода шуд. Барои сохтмони он аз буҷети пойтахт 202,6 млн. сомонӣ (ҳудуди 40 млн. доллар) маблағ ҷудо шуд.

Мирзо Тағоев, ҳуқуқшиноси ҶДММ Маркази савдои «Истиқлол», ки айни замон бозори «Меҳргон»-ро ин ширкат ба иҷора гирифтааст, ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон дар бозор 3 ҳазор ҷойи фурӯш барои савдогарон муҳайё аст.

Мирзо Тағоев, ҳуқуқшиноси ҶДММ Маркази савдои «Истиқлол»

Ба гуфтаи ӯ, дар ошёнаҳои якуму дуюм фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, хушкмева, маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулот ба роҳ монда шуда, дар ошёнаи сеюм якчанд нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва фурӯшгоҳҳои сарулибосу пойафзол фаъолият хоҳанд кард. Дар қисмати шимолии бозор айни замон корҳои сохтмони бинои пӯшидаи савдои яклухти маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дорад.

Мирзо Тағоев қайд кард, ки иҷораи 1 метри мураббаъи ҷойи савдо дар бозор 300-350 сомониро ташкил медиҳад. «Лекин то моҳи январ мо иҷорапулӣ намегирем, чунки барои савдогарон аз бозори Шоҳмансур барои одат кардан дар ҷойи нав ва гирифтани каме ҳам бошад даромад аз савдо дар ин бозор, вақт лозим аст», - зикр кард Тағоев.

1/5